Дар як сатр
» » Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

27-03-2015, 09:14

Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддирДар шаҳри Кӯлоб зимни амалиёти махсуси "таҳвили байналмилалии назоратшаванда" шаҳрванди 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир шуд. Ба иттилои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон, дар аснои кофтукоби хонае, ки ин шаҳрванд дар шаҳри Кӯлоб иҷора гирифтааст, 33 баста бо маводи ҷигариранг ва 1 баста бо маводи хокамонанд дарёфт ва мусодира гардид.

Тибқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон, маводи мусодирашуда афюн бо вазни зиёда аз 40 кг ва героин бо вазни тақрибан 1 кг мебошад.

- Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди Тоҷикистон фурӯшад ва маблағи пулиро ба суратҳисоби электронии соҳиби "бор" равон намояд, - афзуд манбаъ. - Кормандони Агентӣ шахсияти шаҳрванди Афғонистонро, ки маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода буд, муайян намуданд. Ҳоло дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чораҳои зарурӣ барои дастгир намудани ӯ андешида шудаанд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯйи моддаи 200 қ. 4-и Кодекси ҷиноятӣ - "Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон" парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ҳоло дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Боздошти марде бо 438 грамм ҳашиш

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Боздошти ду ҷавон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА