Дар як сатр
» » Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

26-03-2015, 10:50

Вилояти Балх яке аз вилоятҳои қадимтарин ва калонтарини Афғонистон маҳсуб меёбад. Масоҳати он 16 ҳазору 840 километрро дар бар мегирад. Наврӯзи аҷамро дар ин сарзамин низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса тӯли беш аз ҳазорсолаҳо таҷлил мегиранд. Яке аз шаҳрҳои калонтарини вилояти Балх Мазори Шариф ба шумор рафта, дорои мавзеъҳои таърихӣ, қалъаҳои куҳанбунёд мебошад. Мардуми вилояти Балх низ Наврӯзи байналмилалии соли 2015 (1394-и ҳиҷрӣ-хуршедӣ)-ро бо омодагиҳои ҳамаҷониба таҷлил намуданд.
Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)


Яке аз чорабиниҳои хотирмон дар вилояти Балхи Ҷумҳурии исломии Афғонистон тантанаи «Ҷашни Гули сурх» ба шумор меравад, ки аз оғози Наврӯзи хуҷастапай мужда медиҳад. Чорабинии мазкур дар яке аз мавзеъҳои зеботарини таърихии ин диёр бо номи «Масҷиди сабз», ки қадамҷойи Ҳазрати Алӣ будааст, баргузор гардид. Дар ин ҷашни бошукӯҳ садҳо ҳазор нафар ҷамъ омада, аз он истиқбол гирифтанд. Дар ин тантанаи наврӯзии мардуми Балх намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва ходимони сафаратхонаҳои Русияю Амрико низ ҳузур доштанд.

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Ато Муҳаммади Нур, волии Балх, бо паёми худ ҳозиринро ба муносибати Наврӯз табрик гуфта, аз таърихи ин ҷашни қадимаи ниёгон ёдовар гардид. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки Наврӯз оғози рӯзи нав, эҳёи табиат, тимсоли сарсабзию ваҳдат, дӯстию рафоқат, меҳрубонӣ ба шумор меравад. Волии вилояти Балх дар баробари таманнои наврӯзӣ таъкид дошт, ки бояд ҳар як фарди бонангу номус баҳри ваҳдату ягонагӣ, сулҳу салоҳ, пешгирӣ аз тероризми байналмилалӣ масъулияти том дошта бошад. «Танҳо дар ҳамдастӣ, ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ мо метавонем сулҳу суботро ба мисли ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабонамон Тоҷикистон пойдор намоем», - гуфт зимни ироаи паёми табрикиаш волии Балх Ато Муҳаммади Нур.

Дар идома, тибқи анъанаи қадимаи мардуми афғон, маросими ҷандабардорӣ бо парондани 21 тӯб оғоз ёфт. Ин чорабинӣ аз шурӯи тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Балх пайк расонид. Ҳамин тавр, чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар вилояти Балхи Афғонистон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, савту навоҳои идона, таъому хӯришҳои миллӣ, аз ҷумла суманак оғоз ёфт.

Аз вилояти Хатлони Тоҷикистон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раҳбарии Абдуҷаббор Баҳодурзода, муовини раиси вилоят, Асалмо Сафарова, сардабири рӯзномаи вилоятии «Хатлон», А. Каримов, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Аловуддин Абдуллоев, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзии Афғонистон ширкат варзиданд.

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)


Дар шумораҳои ояндаи рӯзнома аз бардоштҳои сафар ба вилояти Балхи Афғонистон барои хонандаи арҷманди рӯзнома матлабе нашр хоҳем кард.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш