Дар як сатр
» » Эътирофи байналмилалии романи «Масъуди сипаҳсолор»

Эътирофи байналмилалии романи «Масъуди сипаҳсолор»

25-03-2015, 19:46

Эътирофи байналмилалии романи «Масъуди сипаҳсолор»Романи «Масъуди сипаҳсолор»-и адиби хатлонӣ Сайид Раҳмон дар Афғонистон ҳамчун беҳтарин асар шинохта шуд.

Сайид Раҳмон тайи даҳ сол баҳри такмили ин асар заҳмат кашидааст. Романи «Масъуди сипаҳсолор» соли 2008 дар ҳаҷми 1000 нусха ва иборат аз 600 саҳифа чоп шуд. Асар аз рӯзгори муҳоҷирони дараи Панҷшер ва муборизаи қаҳрамононаи мардуми афғон бо сарварии машҳуртарин сарлашкари охири асри ХХ Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ ва истиқлолият нақл мекунад.

Сайид Раҳмон узви Иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи вилоятии адабии ба номи Носири Хусрав, муаллифи китобҳои «Дунёи бевафо», «Сафари Паҳ», «Зиндаҷудо», маҷмӯаи шеърҳо бо номи «Сӯзи дил» ва романи «Шукронамарг» мебошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Сиёсат, Номаҳои Шумо
«Дараи ҷӯй» рӯйи чоп омад

«Дараи ҷӯй» рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нашри ду китоби нави адиби хатлонӣ

Нашри ду китоби нави адиби хатлонӣ

Хабарҳо