Дар як сатр
» » Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

1-01-2015, 09:57

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист
Ҳангомаи ИСМАТ

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Эмомалӣ РАҲМОН

Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашн-вораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хос-тори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. «Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни
Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст», - зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи ин Иттиҳод маҳсуб мешуд, ҷашни Меҳргон чун Наврӯз ва Сада аз идҳои мазҳабӣ талаққӣ шуда, таҷлил аз онҳо барои сокинони кишвар мамнӯъ буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Гуфта мешавад, Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд.

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ - Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.

Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.

Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд.

Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон - таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.

Сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзиҷот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ як гоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзиҷот ва меваи хушкро ба мамолики хориҷӣ, бахусус Русия содир мекунанд, ки ин амр тақозои иқтисоди бозаргонист. Кишоварз дар фурӯши маҳсулоти хеш озод аст ва барои ба даст овардани даромади хуб метавонад тавлидоти худро ба хориҷи кишвар содир кунад.

Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ
Меҳрнома дар Меҳргон

Меҳрнома дар Меҳргон

Фарҳанг ва адабиёт