Дар як сатр
» » Қубодиён: Ҳоли ягона гимназияи хусусӣ табоҳ мешавад?

Қубодиён: Ҳоли ягона гимназияи хусусӣ табоҳ мешавад?

25-03-2015, 11:27

Агар дар тамоми қаламрави вилояти Хатлон ҳамагӣ се гимназияи хусусӣ фаъолият намояд, яке аз муассисаҳо дар ноҳияи Қубодиён воқеъ аст. Ин гимназия, ки номи Носири Хусравро гирифтааст, тӯли 10 соли фаъолияташ ҳазорҳо толибилмонро ба таълим фаро гирифтааст. Феълан дар он 324 нафар, аз ҷумла 67 духтар таҳсил мекунанд.

Қубодиён: Ҳоли ягона гимназияи хусусӣ табоҳ мешавад?

Ҳангоми аз вазъи кунунии гимназияи хусусӣ дидан кардан мақоли «Хоҷа боғ дорӣ? – дорам!» пеши назар омад. Мепурсед, ки чаро?

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки танҳо дару тирезаҳои пеши гимназия шашабандӣ шудаанд, ин ҳам шояд ба хотири зебо нигоҳ доштани зоҳири бинои гимназия буду халос. Боқимонда дару тирезаҳои даруни бино фарсудаву якчанд шишаҳои шикаста ба чашм мехӯрданд.

Афзалшо Алимардонов, ки сарварии ин боргоҳи таълимро ба ухда дорад, оид ба вазъи кунунии таълиму тарбия ва дигар паҳлуи фаъолияти таълимгоҳ гуфт, ки гимназия бо хати озоди барқ пайваст буда, бо тирезаҳои пластикӣ пурра шишабандӣ шудааст.

Аммо воқеият ин аст, ки мизу курсиҳои ин гимназияи хусусӣ таъмирталабанду сақфи баъзе синфхонаҳо ранг надидааст. Ҳатто даруни синфхонаҳои таълимӣ зоҳиран ба талабони санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуд. Пас аз камбудиҳоро бо масъулин дидан онҳо сабабу баҳонаҳои зиёдеро номбар карданд. Аз ҷумла Барфигул Муродалиева, ки таъсисдиҳандаи муассисаи зикрдида гуфт: «Мо маблағро ҷамъ мекунем, аммо 50%-и онро барои супурдани андозу дигар хароҷот сарф мекунем. Андозе, ки мо ба давлат месупорем, як мактаби давлатиро таъмин карда метавонад. Чанд вақт боз пул кофӣ набуд, андозро насупоридам. Моро 6 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Болои ин, боз шуъбаи маориф ҳар вақт «ину он» гуфта 200-300 сомонӣ талаб мекунад. Боқимонда 50%-аш мемонад, ки барои ислоҳи ин камбудиҳо намерасад. Дар пардохти саривақтии маоши муаллимон мушкилот дорем. Мактаб аз ҳисоби худаш 13 муаллимро маош медиҳад».

Оё метавон бо чунин бархӯрд ба кор ояндаи дурахшони миллату давлатро таъмин карду насли наврасу ояндасозро ба таълиму тарбияи босифат фаро гирифт? Оё бо чунин «масъулиятшиносӣ» шогирдонро дар рӯҳияи баланди ободкорию ифтихори ватандорӣ ба камол расонидан мумкин аст? Барфигул Муродалиева, муассиси гимназия, дар идомаи суханронии худ сабаби ба ин вазъи нохуби молиявӣ дучор омадани муассисаи таълимии хусусиро ба буҳрони иқтисодии Русия рабт дод.

- 80%-и падару модарони хонандагони мо дар Русия мардикорӣ мекунанд, - афзуд ӯ. - Буҳрони иқтисодие, ки ҳоло Русияро фаро гирифтааст, таъсираш ба кори мо ҳам расида истодааст. Волидони хонандагон «маблағ надорем» мегӯянд. Баъзеяш аз аввали соли таҳсил маблағи мактабро пардохт накардааст. Бар замми ин аз ҳар омӯзгоре, ки дар гимназия кор мекунанд, низ барои баъзе «корҳои ҷамъиятӣ» маблағ пурсида мешавад. Ин гуна муносибат муаллимонро ҳам дилсард кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад қайд менамоянд, ки шумораи мактабҳои хусусиро бояд зиёд намуда, дарсгирӣ кунанд. Аммо…

Аммо ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки мушкилоти ҷойдоштаи ягона гимназияи хусусии ноҳияи Қубодиён кай, чӣ тавр ва бо мусоидати кӣ бартараф мешавад?

Комрони БАХТИЁР,
Қӯрғонтеппа-Қубодиён-Қӯрғонтеппа



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
56 ҳазор сомонӣ ба ҷайби кӣ рафт?

56 ҳазор сомонӣ ба ҷайби кӣ рафт?

Маориф ва илм, Таҳқиқи журналистӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Беҳсозии шароити хонаи бачагон дар Фархор

Беҳсозии шароити хонаи бачагон дар Фархор

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология