Дар як сатр
» » Тантанаҳо дар Кӯлоб

Тантанаҳо дар Кӯлоб

25-03-2015, 07:18

Имрӯз, 25-уми март, дар шаҳри Кӯлоб маросими ифтитоҳи чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015» эълон гардидани ин шаҳр баргузор мегардад.
Тантанаҳо дар Кӯлоб

Ба ин муносибат меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла КонибекЖусупбеков, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ, Анатолий Иксанов, сарвари иҷроияи Бунёди байнидавлатии гуманитарии ИДМ, Александр Гусев, сарвари маъмурияти округи шаҳри Воронеж, П. Савитская, муовини сарвари маъмурияти округи шаҳри Воронеж, О.Н. Извекова, сардори Раёсати иттилооти маъмурияти шаҳри Воронеж ва дастаи ҳунарии «Хори давлатии академии халқии русӣ ба номи К. И. Массалитинови шаҳри Воронеж ба шаҳри Кӯлоб омадаанд. 24 март ҳайати расмии меҳмонон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом додаанд.

Меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб ва консерти идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар амфитеатр ширкат меварзанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯлоб. 10 иншооти наврӯзӣ

Кӯлоб. 10 иншооти наврӯзӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Интихоби рамзи Пойтахти фарҳангии ИДМ

Интихоби рамзи Пойтахти фарҳангии ИДМ

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА