Дар як сатр
» » Эй баҳори қадами тоза, биё...

Эй баҳори қадами тоза, биё...

22-03-2015, 15:34

Тараннуми Наврӯзу Баҳор
дар осори шоираҳои муосири Хатлонзамин


Эй баҳори қадами тоза, биё...

Фарорасии Наврӯзро лаҳза ба лаҳза, боло шудани қомати лолаю савсану сияҳгӯшро зебо ба зебо, рустани набототро нафас ба нафас, табдили қабои дарахтонро ҳавас ба ҳавас дар шеъри шоираҳои ширинбаёни хатлонӣ эҳсос карда, кас аз сайри маънӣ дар олами рӯъёҳо ва саҳфаи абёти ин парандаҳои боғи тағаззул лаззати нотакрор мебарад.

Дарвоқеъ, тараннуми Наврӯзу баҳорро дар ашъори шоираҳои хушадо ва соҳибқалами хатлонӣ, назири Хосият Вализода, Ҳадиса, Нуқраи Суннатниё, Робия, Ситора Қурбонова, Офоқ, Гулистон, Хиромони Неъмат, Гулҷаҳон, Дарё, Шаҳдия ва дигарон фаровон дучор меоем. Агар яке Наврӯзро «мӯниси ҷону дил», «шодии барҷаста», «шоҳи олам» номад, дигаре аз Наврӯзи хуҷастапай бӯйи саодату сарсабзӣ, файзу фараҳ, баҳороғӯш гардидани шаҳру деҳу саҳроро таманно мекунад.

Шоири соҳибному устоди сухан Ҳадиса Қурбонова дар шеъраш «Биё, баҳор омада» гулҳои қатору савту навои булбул аз шохсорро аҷаб зебо тасвир карда, баҳорро фасли гулу ошиқӣ, ҷойи нозу итоб, фасли хуши шубоб номидааст.

Хосият Вализода низ шеърҳои зиёдашро ба баҳору зебоӣ бахшида, онро гармии ҷону роҳате аз ҳама валвалаю ҳамҳамаҳои замон мехонад. Вай дар шеъри «Эй баҳор, дар қадамат садқа, биё» аз ҷумла чунин гуфта:

Ту биёву зи қадамҳои гулат
Биравад кош зи дилҳо кина.
Тинати ҳар ки шавад пок чу ту,
Аз хатову гунаҳи порина.

Эй баҳори қадами тоза, биё,
Пур кун аз файзи худат хонаи мо.
Кишварамро ту бубахш осоиш,
Нахли сарсабз шавад донаи мо.


Шоираи соҳибкитобу маҳбуб Робияи Холмирзо дар васфи баҳору борону Наврӯзи оламафрӯз шеърҳои бисёр сурудааст. Вай баҳорро ошнову роздони худ, «ба базми ошиқони пир мусоҳиби ҷавон» хонда, даъват мекунад, ки барои ҳурмати баҳор бояд аз ишқ суҳбат кард:

Баҳор, эй дугонаи азиз, эй Баҳор,
Қасам ба ҳурмати Худо,
Ки бе ту ранг дар замона нест,
Бидуни ту дубайтиву тарона нест.
Ҳузури ту далели он бувад,
Ки ишқи поку ростин фасона нест.


Ҷойи дигар Робия аз фарорасии баҳор ба боғҳои хушки зиндагӣ гарм истиқбол мекунад:
Дубора дидамат баҳор, шукр,
Дугонаи манӣ, ҳазор шукр!


Ситора Қурбонова, муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Шохаи арғувон» ва «Зуҳури сонӣ», низ дар тасвири афсонаҳои Наврӯзу баҳор камназир аст. Ташбеҳҳои зебои «самои гулрез», «оташӣ гаштани замину шамс дар баҳорон», «зи боди бӯигулогин хиромон рақсҳо доштани боғон – духтари симинапероҳан» воқеан шоиронаю дилнавоз буда, фараҳфизои қалби ошиқони шеъри ноби тоҷик аст. Хонум Ситора дар шеъри «Афсонаи Наврӯз» аз ҷумла мегӯяд:
Даҳони лола во гашту садо омад – Баҳорам ман!
Зи ҳар гӯша ба гӯш омад – Ба роҳат интизорам ман!
Шунав овози розолуди абри моҳи фарвардин,
- Агар Наврӯз меояд, зи шодӣ ашк борам ман!


Дафтари шоираҳои хатлониро як-як варақ зада, кас ба чунин натиҷа мерасад, ки ҳар яке дар тасвиру таърифи Наврӯзу навбаҳорон аз дигаре беҳтару хуштар гуфтааст. Ба таъбири шоира Гулистон Субҳонова, бо фарорасии Наврӯз чашмаҳо низ ба ҷӯшу булбулон ба хурӯш ва синаи аз шавқ вокардаи лоларо ранг аз пайки суруш омадааст.

Табиист, ки дар фасли баҳор, хусусан дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи бостонӣ ҳама гулдухтарону бонувони зебои тоҷик пираҳани миллӣ ба бар мекунанд. бесабаб нест, ки зан ва баҳорро ба ҳам тавъаму он ҳардуро офарандаи зебоӣ ва меҳр хондаанд. Чакан яке аз либосҳои миллии тоҷиконаест, ки дар миёни бонувони хатлонӣ аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад. Ин пираҳани қашанги саропо гулпӯшро шоира Хиромони Неъмат дар шеъри худ бо номи «Чаканпӯш» зебо тасвир карда, гуфтаст, ки он аз қаъри асрҳо то ба имрӯз омада, набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ биравад. Ба таъбири Хиромон, рӯйи нақши чакан гули хуршеду моҳу ҳам ситора, гули сурху сафеду ҳам гулобӣ бонуи тоҷикро дар оғӯш гирифта, дилашро ҳар лаҳза ба ҷӯш меоварад:
Чаканпӯшам, чаканпӯшам, чаканпӯшам,
Зи Наврӯзи аҷам ояд маро хуш.
Миёни гулъузорони сухангӯ,
Сухан гӯям, ҳамегардӣ фараҳнӯш.


Шоираи ҷавони панҷӣ Ҷавҳари Саидназар, ки муаллифи се маҷмӯаи шеърӣ - «Тасалло», «Паридарё» ва «Нигоҳи сабз» аст, низ дар таърифу тараннуми Наврӯз аз ҳамтоёни худ ақиб намемонад. Ҷавҳар дар шеъри «Ниёз» оташро нури ҳақ унвон карда, аз он хостааст, ки мероси Аҳриманро бисӯзад ва ҳама бухлу кинаро хоки сияҳ бисозаду чу шамсу қамар қалби халқи кишварашро равшан намояд. Вай ҳамчунин дар шеъри худ чу модар дуо мекунад, ки кош абри сиёҳи ғусса ҷамоли шедро напӯшад. Ҷавҳар бод или шоду пурумед аз омадани Наврӯз истиқбол мегирад:
Падруд, фасли барф, ки Наврӯз мерасад,
Фархунда бод ҳар қадамаш бар диёри ман.
Эй духти нуқрапӯши табиат, бирав ту шод,
То ғарқи лолазор шавад кӯҳсори ман.


Ҷойи дигар хонум Ҷавҳар мегӯяд, ки бо расидани Наврӯзи олам аз боғзору гулшанаш бӯйи саодат мерасад. Вай дар шеъраш ғуссаро аз дил мерӯбад, то шодӣ ёбад роҳи худ ва аз баҳор сарсабзӣ хоста, доманашро бар дида мемолад.

Шоираи дигари хатлонӣ Асалмо Шарбатова (тахаллуси адабиаш Шаҳдия) дар шеъри худ «Наврӯзи хуҷаста» ин ҷашни маҳбуби ниёгонро ба диёри нозанини Тоҷикистон даъват карда, мақдами пурфайзи онро шодии барҷаста дар ҳар хонадони тоҷик хондааст. Аммо Муҳаррами Сорбонзод, шоираи ҷавони зодаи шаҳри Норак, Наврӯзро мӯниси ҷону дил, сарсабзии барқи хазони қалбаш унвон мекунад. Вай пазмони ҷамоли оламорои Наврӯз буда, онро содақабои хандабарлаб номидааст, ки бо нағмаву созу тараб омадааст. Муҳаррам аз ҷумла менависад:
Ёрон ба ҳавас гӯянд: Наврӯз омад,
Бо мардуми мо ҳамдами дилсӯз омад.
Аз омаданаш сабз шавад дашту даман,
Хуршеди баҳори оламафрӯз омад.


Муруре ба осори шоираҳои маҳбубу хушқалами хатлонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мавзӯи Наврӯзу баҳор мавқеи хосеро дар эҷодиёти эшон ишғол мекунад. Тасвирҳои зебо, ташбеҳҳои нотакрору дилчасп, баёни хушу дилнавоз, тозагӯӣ, навҷӯӣ гувоҳи ҳунармандию диду завқи баланди шоиронаю орифона доштани онҳост.

Дар воқеъ, ҳар яке аз эшон, ба таъбири шоираи равоншод Ширинмоҳ, сабз иншо карда шеъри сабзи наврӯзӣ, ки сано бод ба онҳо!

Ҳангомаи ИСМАТ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наврӯз- оғози баракати сол

Наврӯз- оғози баракати сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА