Дар як сатр
» » Боварҳои наврӯзӣ дар Вахшонзамин

Боварҳои наврӯзӣ дар Вахшонзамин

22-03-2015, 11:51

Муҳаққиқон мегӯянд, ки дар садсолаи ахир Наврӯзи водии Вахш вижагиҳое ба худ касб кардааст.
Зоҳиран, аксари боварҳои наврӯзӣ дар Вахшонзамин марбут ба гандум, оташ ва борон будааст.


Боварҳои наврӯзӣ дар ВахшонзаминСокинони водии Вахш Наврӯзро бо поккории хонаву дару кӯчаҳо, оғози киштукори замин, кушодани дастурхони дастаҷамъонаи идона, гулханафрӯзию гулгардонӣ, гандумкӯбию суманаку ҳалвоитарпазӣ ва гӯштигирию човандозӣ истиқбол мегиранд.

Ҳарчанд одату маросимҳои наврӯзӣ дар водии Вахш аз наҳваи таҷлили ин ҷашни суннатӣ дар манотиқи дигари Тоҷикистон тафовутҳои чашмгире надорад, аммо муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар сад соли ахир Наврӯз дар ин водӣ вижагиҳое ба худ касб кардааст.

Ба иддаои профессор Хушбахт Абдуназаров, муаллифи китоби «Вахшонзамин», азбаски дар садсолаи ахир барои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои водии Вахш аз саросари собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ муҳоҷирони зиёде ба ин минтақа кӯч баста буданд, урфу одатҳои миллии онҳо низ ба фарҳангу ойини мардуми бумӣ таъсиргузор шудааст. Аз он ҷумла дар одатҳои наврӯзӣ.

- Дар вақти обёрию азхудкунии водии Вахш, - мегӯяд Х. Абдуназаров, - дар аввалҳои асри 20-ум одамони зиёде аз водиҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз шимоли кишвар, аз Ӯзбекистон, аз Закавказйе, Русия ва дигар кишварҳо ба ин минтақа муҳоҷир шуда омаданд ва дар натиҷаи ҳамзистӣ урфу одатҳои мардумони гуногуне, ки дар ин маҳал ҷамъ омада буданд, омехта шуданд. Инҳо аз солҳои 60-уми асри гузашта Наврӯзро якҷоя таҷлил мекарданд. Вақте ки тамаддунҳо бо ҳам бармехӯранд, гуфтугӯ мекунанд, аз ҳамдигар меомӯзанд. Ӯзбекҳои маҳаллӣ, масалан, «Лола сайли» мегуфтанд, духтарон лолачинӣ мекарданд ва ин як суннати наврӯзӣ буд. Тоторҳо замони эҳёи табиатро «сабантӯй» мегуфтанд. Ба ҳамин тариқ, ҳоло тарзи истиқбол ва ҷашнгирии Наврӯзи мардумони водии Вахш, барои мисол, аз наврӯзии бадахшониҳо то андозае фарқ мекунад.

Маросими «Чоршанбеи охирон» ё «Сафаркоҷдӣ», пешгӯии авзои сол вобаста ба сабзиши гандум ва «Ашагулон» - маросиме ба хотири боридани борон – аз боварҳои аслии мардумист, ки бо фарорасии баҳор аз ҷониби сокинони деҳотҷойи Вахшонзамин анҷом дода мешавад. Дар баъзе рустоҳои ноҳияи Вахш сокинони маҳаллӣ дар чоршанбеи охирини Наврӯз дар чорраҳаҳо оташ гиронда, аз болои он себорӣ ҷаҳида, мегӯянд: «Ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман!». Ба бовари онҳо, духтаре, ки бахташ «накушода» мондааст, агар дар чорраҳа қуфлеро дар гарданаш овехта, дар шафати он калидро гузораду роҳгузарон бо калид қуфлро кушоянд, гӯё ба ин васила бахти ба истилоҳ «пирдухтар» низ кушода мешавад.

Давлат Ғафуров, як сокини солманди ноҳияи Вахш, дар мавриди боварҳои наврӯзии мардуми Вахшонзамин гуфт, ки дар рӯзи Наврӯз оби софи боронро, ки бенамак аст, дар зарфе гирифта, онро ба рӯйи ҳамдигар мепошанд. Ҳикмати одати мазкур он будааст, ки ҳамеша чеҳра ва замири ба монандаи об поку соф дошта бошанду тамоми соли пешомад худро солиму бардам ҳис кунанд. «Сарфи назар аз он ки заминҳои маҳалли зистамон лалмӣ аст, ҳар хонадон ҳар сол камаш 10 адад ниҳол мешинонад. Чунин бовар ҳаст, ки агар ҳамин дарахтон сабз шаванду самараи хуб диҳанд, пас, мо одамони бафайз будаем. Мабодо ин ниҳолакон сабз нашаванд, мо ҳис мекунем, ки дар ин сол файзи мо кам будааст ва бояд хайру эҳсону некии бештаре анҷом диҳем. Барои ҳамин 10 ниҳол мешинонем, ки ақаллан 3-4-тояш сабз шаваду ноумед нагардем», - идома дод Д. Ғафуров.

Майдагул Собирова, сокини дигари ноҳияи Вахш, мегӯяд, ки пешгӯии авзои соли пешомад низ тавассути сабзиши гандуму ҷав имконпазир аст. Ба бовари ӯ, занони маҳаллӣ дар зарф ҳар гуна ғалладона – гандум, ҷав, нахӯд ва мисли онро сабзонида, вобаста ба сабзиши он авзои солро пешгӯӣ мекунанд. Яъне агар сабза қомати рост дошта бошад, гӯё сол серӣ меояд, вале агар майса ба ҳар тараф паҳн шавад, аз қаҳтӣ шудани сол ҳушдор медиҳад. Хонуми Майдагул ҳамчунин дар бораи «Ашагулон», маросими дигари мардумӣ, ки хоси Наврӯзу баҳор аст, чунин қисса кард:

- «Ашагулон»-ро дар ҳолате месароем, ки баҳори мо камбориш шавад. Занҳои бисёре як ҷо ҷамъ меоем, се-чор дег мемонем, дар яктоаш ширбиринҷ, дар дигараш гандумҷӯш, оши палав ва ҳар ғизои дигари миллӣ, ки аз дастамон меояд, таҳия мекунем. Пасон як сангпуштро дошта, сарозер кашол мекунем, аз болои сараш об мерезем, сангпушт аз он ки об ба ҷисмаш мерасад, ба ҳаяҷон меояд. Баъд аз Худованд илтиҷо мекунем, ки барои мо боронро ҳадя кунад. Ин як анъанаи қадимист. Дар зимн, либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро ба бар карда, месароем:

Ашагулони ростина,
Бар мо бидеҳ борона…


Бар замми он як занро болои маркаб чаппа савор мекунем ва ҳамакаса аз пасаш тохта, аз болои он бо сатилҳо об мепошем, то ки тар шавад. Чунин бовар ҳаст, ки дар пайи ин маросим раҳми Худо омада, ба мо борон медиҳад».

Аслан ин корро бо шодию хурсандӣ анҷом медиҳанд ва касе аз он нороҳату хафа намешавад. Мардум бар ин боваранд, ки чунин кори хуш ба Худованд хуш омада, ба заминҳои ташналаб борон медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз муҳаққиқон аз он изҳори таассуф мекунанд, ки иддае аз анъанаҳои аҷдодӣ, мисоли оташпараку гулханафрӯзӣ ва ҳар он одати наврӯзие, ки аз замони Зардушт ба мерос мондааст, ҳоло дар водии Вахш чандон риоя ва анҷом намешаванд.

Ӯлмасой Холмирзоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки дар маҳалли зисти ӯ мардум маросимҳои вобаста ба оташу оташпарастиро, бинобар ин ки дар дини ислом макруҳ ҳисоб мешавад, беарзиш шумурда ва иҷро намекунанд. Аммо вай афзуд, ки одатҳои дигаре, назири хонабарорию тармими манзил, тозасозии боғу шинондани ниҳолу гулҳо ва кушодани хони наврӯзӣ бо суманакро ҳамагӣ анҷом медиҳанд. «Оши палову шӯрбо мепазем, оталаи бурида, гандумкӯча ҳам таҳия мекунем. Ҳама ҳамсояҳо гирди як дастурхон сарҷамъ мешавем, шеъру таронасароӣ мекунем. Гандуми сабзшударо суманак мегузорем. Баъдан ҳама мардуми маҳалла, хурду калонро ҷамъ карда, бо ҳам ғизо мехӯрем. Дар он рӯз ҳатто раҳгузаронро даъват менамоем, ки бо мо наврӯзӣ кунанд. Агар ғизо монад, онро тақсим мекунем. Духтарон ва занҳои ҷавон дар гирди деги суманак рақсу бозӣ мекунанд, то ки суманакамон ширину хушхӯр шавад», - қисса мекунад Ӯ. Холназарова.

Шуморае аз хонаводаҳо дар водии Вахш Наврӯзро дар ғайби афроди саробонашон, ки дар муҳоҷират ҳастанд, ҷашн мегиранд. Дастурхони идонаи ин хонаводаҳо асосан бо пули фиристодаи сарпарасти оила аз кишвари муҳоҷират оро ёфта, аммо дидори пайванди муҳоҷирашон ягона орзуи наврӯзии аъзои ин оила боқӣ мемонад. Салима Холова, сокини ноҳияи Бохтар, ки модари 4 фарзанд асту ҳамсараш дар Русия мардикорӣ мекунад, мегӯяд, ки фарзандонаш бисёр мехостанд Наврӯзро дар ҳузури падарашон пешвоз бигиранд. «7-сину 7-шинро дар рӯйи дастурхон гузошта натавонем ҳам, кӯшиш мекунем, ки ақаллан оши палов пазем, ҳамдигарро табрик кунем. Ба падари фарзандонам, ки дур аз Ватан аст, дар рӯзи Наврӯз телефон карда, ӯро низ муборакбод мегӯем», - иброз медорад С. Холова.

Ҳамзамон дар водии Вахш сокинони маҳаллӣ бо ҳам маслиҳат карда, Наврӯзро дастаҷамъона, бо оростани як дастурхони умумии идона таҷлил менамоянд. Холаи Мушарраф, сокини ноҳияи Вахш, дар бораи ин анъанае, ки хоси мардумони тамоми манотиқи кишвар аст, гуфт: «Барои забҳ кардани гӯсфанд бо ҳамсояҳо пул ҷамъ мекунем. Таҳияи таомҳои дигари наврӯзиро кадбонуи ҳар хонадон ба дӯш гирифтааст. Ба ҷашнгоҳамон ҳамчунин 3-4 арӯси нави маҳалларо бо домодҳо даъват мекунем. Агар фарзандонамон дар муҳоҷират бошанд ҳам, бояд суннатҳои миллӣ анҷом дода шаванд. Писаронам занг зада гуфтанд, ки бояд хотирҷамъ бошем. Чунки онҳо ҳам дар Русия Наврӯзро ҷашн мегиранд», - афзуд ӯ.

Ба бовари мусоҳиби мо, дар рӯзи Наврӯз набояд тафриқа миёни хонаводаҳои сарватманду ниёзманд эҳсос шавад. Зимнан, бисёре аз хатлониён, ҳамчунин оилаҳое, ки саробонашон дур аз ватан, дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, Наврӯзро дастаҷамъона, бо оростани дастурхону умумӣ таҷлил мекунанд. Ин наҳваи таҷлил барои аксари хонаводаҳо дар водии Вахш қулай будааст, чун бо харҷи камтар ҳама суннату маросимҳои наврӯзӣ анҷом шуда, афроди дорову нодор якгуна бо ҳам шодиву тараб мекунанд.

Дар водии Вахш яке аз анъанаҳои наврӯзӣ, ки «дарвешона» ном доштааст, низ маҳбубу серистифода буда, бештар аз ҳама анҷом мешавад. «Дарвешона», ба қавли муаррихон, хоса аз ҷониби мардуми дасткӯтаҳу нодор, анҷом шуда, оростани дастурхони дастаҷамъонаи наврӯзиро дар назар доштааст.

- «Дарвешона»-ро мардуми маҳаллӣ худаш эҷод кардааст, - иддао пеш меорад профессор Хушбахт Абдуназаров. - Ҳама халқ ба кӯча баромада, дар як рӯзи муайян тавассути ҳашар ҳама ҷоро оро медиҳанд, баъдан касе чӣ тавоноие дорад, масалан, яке отала мепазаду дигаре оши палов, яке шӯрбо мепазаду дигаре кулчаҳои зебо. Хуллас, намудҳои гуногуни ғизоро ҳар касе дар хонааш таҳия карда, сипас, ба дастурхони умумӣ мебарорад. Одамон ҷамъ шуда, оят мехонанд, дар ҳаққи гузаштаҳо дуо мекунанду он ғизоҳоро тановул мекунанд. Сонӣ, буз медиҳанд, гуштӣ доир мекунанд, тамошои хуб доир мешавад…

Кишоварзони собиқадори Вахшонзамин имсол маросими ҷуфтбароронро ҳам қабл аз вақт анҷом доданд, ки як далели дигари фаровонҳосилӣ арзёбӣ мешавад. Ба иддаои барзгарон, то маросими ҷуфтбаророн ба ҷо оварда нашавад, деҳқонон мавсими ҷуфтро оғоз намебахшанд. «Мавсими ҷуфтрониро яке аз пирони ботаҷрибаву муътабар анҷом медиҳад. Ин маросим қоидаҳои хоси худро дорад, ки аз ниёгон ба мерос монда, бо дуо ифтитоҳ мешавад. Пас аз додани нону таоми маросимӣ ба ҳаққу ҳамсоя ва дуо гирифтан аз пирамарди пешвои деҳ, барзаговҳоро ба юғу сипор баста, заминҳои кишоварзиро ҷуфтбаророн мекунанд», - зикр кард Тӯра Қаландаров, кишоварзи солманде аз ноҳияи Вахш.

Дар Вахшонзамин дар шабу рӯзҳои наврӯзӣ ҳамчунин ҳунарҳо ва маросимҳои вижа, аз қабили арӯсбаророн, ҳинобандӣ, чакандӯзӣ, риштабофӣ, тоқию шерозу куртадӯзӣ, рангбандӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, ресандагӣ анҷом ва ба намоиш гузошта мешавад.

Кадбонуҳо таомҳои миллии қадимаи суманак, қурутоб, ғалмандӣ, ойлова, чанголӣ, таҳмол, далда, фатирмаска, кочӣ, нишоиста, гандумҷӯш, шакароб, оши тупа, боҷҷак, дӯғрӯған, рубич, умочи бо шир, оши палов, қатлама ва намудҳои гуногуни ҳалворо таҳия мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар аввалҳои асри гузашта ба ғайри тоҷикони муқимӣ дар ҷанубу шарқу шимоли кишвар, ҳамчунин ӯзбекону тоторҳо низ ба водии Вахш муҳоҷир шуда буданд, тарзу усули таҷлили Наврӯз ҳам дар ин минтақа якгуна набуда, дар натиҷаи ҳамзистии мардумон ин одатҳо омехта шудаанд.
Ва аммо фаро расидани баҳору Наврӯзро намояндагони тамоми миллатҳои маскун дар водии Вахш бо шодиву тараб истиқбол карда, гирди як дастурхони идона ҷамъ меоянд ва ғизои лазизи суманакро, ки рамзи баҳору Наврӯз шинохта шудааст, истеъмол мекунанд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯз дар «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ

Наврӯз дар «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД