Дар як сатр
» » Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

21-03-2015, 14:42

Дар арафаи истиқболи Наврӯзи хуҷастапай дар асоси амри Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор собиқадорони меҳнат, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳми арзанда доранд, кӯмакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ ироа гардид.
Ҳадяи наврӯзии Президент ба меҳтарон

Кӯмакпулии мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба 9 собиқадор, аз ҷумла Ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва Адолат Комилова, инчунин Хатичабону Ализода, Шералӣ Қосимов, Турақул Мамадқулов, Иноят Муродов, Латофат Сироҷова, Ҷума Тағоев, Абдувоҳид Шодиев тақдим шуд. Собиқадоронро муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Т. Аминов барои меҳнати бисёрсолаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти давлат табрик намуд.

Ҳамин гуна кӯмакпулиро нуҳ нафар аз собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб низ дарёфт карданд. Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аминияти миллӣ Юсуфҷон Юсуфзода зимни вохӯрӣ бо ин нафарон паёми наврӯзии Сарвари давлат ва туҳфаро ба онҳо супорид. «Чун ойини неки давлатдорӣ ва риояи суннатҳои бузурги наврӯзӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар ин айём ашхоси дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заҳматкашидаро қадршиносӣ менамояд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша заҳматҳои шуморо қадр намуда, ба маслиҳати шумо дар тарбияи насли ҷавон ниёз дорад», - зикр кард Ю. Юсуфзода.

Дар навбати худ меҳтарони ҷангу меҳнат ба роҳбарияти кишвар миннатдорӣ баён намуда, гуфтанд, ки ҳамеша аз сиёсати некбинонаи Сарвари давлат пуштибонӣ хоҳад кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Хабарҳо
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш