Дар як сатр
» » Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

21-03-2015, 12:23

Миҷгона маликаи Наврӯз шудБа муносибати Наврӯзи фархундапай ва дар доираи «Соли оила» эълон гардидани соли 2015, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бо ташаббуси бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ озмунҳои «Маликаи Наврӯз» ва «Ҷилваи ҳунар» доир гардид.

- Мақсад аз гузаронидани озмунҳои номбурда амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ва «Барномаи давлатии рушди туризм дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар давраи солҳои 2015-2017» буда, дар ин замина эҳёи фаъолияти бадеии халқӣ, дарёфти ҳунармандони ҷавон, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба корҳои музднок мебошад, - иброз дошт зимни суҳбат мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Заррина Сатторова.

Дар озмунҳои номбурда ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва як қатор идораю ташкилотҳои ноҳия ширкат намуданд. Аъзои ҳакамон ба намоиши ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ, саволу ҷавоб, қироати шеър, тайёр намудани хӯрокиҳои наврӯзӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ба ҳар намуди он аз рӯи низомнома баҳогузорӣ намуданд.

Аз рӯи ҷамъбасти озмунҳо, дар озмуни «Маликаи Наврӯз» ҷойи аввал ба намояндаи ҷамоати шаҳраки С. Исоев Миҷгона Пиракова дода шуд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти «Гулистон» ва Фрунзе гардиданд.

Инчунин дар озмуни «Ҷилваи ҳунар» мақоми аввал насиби ҷамоати деҳоти «Туғаланг» ва ҷойи дуюму сеюм насиби ҷамоати шаҳраки С. Исоев ва ҷамоати деҳоти «Узун» гардид.

Ибодуллои ОДИНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА