Дар як сатр
» » Дорусозони Хатлон хайр карданд

Дорусозони Хатлон хайр карданд

21-03-2015, 12:21

Дорусозони Хатлон хайр карданд

Муассисаҳои фармасевтии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба якчанд ташкилоту муассисаҳои ниёзманд маводҳои ғизоӣ ва доруворӣ тақдим намуданд.

Ба иттилои маркази матбуотии Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон, муассисаҳои фармасевтии шаҳри Қӯрғонтеппа ба беморхонаи вилоятии бемориҳои равонии шаҳр маводи хӯрокворӣ ва ба ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа кӯмаки молиявӣ расониданд.

Ҳамчунин муассисаҳои фармасевтии ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ба мактаб-интернатҳои кӯдакона маводи ғизоӣ, либосворӣ ва кӯмаки молиявӣ ироа намуданд.

Муассисаҳои фармасевтии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳё ва дастгирии вилояти Хатлон» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки беш аз 70 нафар маъюбонро дар бар мегирад, низ маводи озуқа ва сару либос туҳфа карданд.

Як соҳибкори риштаи фармасевтика дар ноҳияи Ёвон ба Хона-интернати калонсолони ин ноҳия 52 номгӯи дорувории кӯмаки аввалияро дастрас намуд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи А. Ҷомӣ. Об фаровон шуд

Ноҳияи А. Ҷомӣ. Об фаровон шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология