Дар як сатр

Пайки наврӯзӣ

20-03-2015, 18:14

Пайки наврӯзӣ

Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро?
Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.
(Анварӣ)

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии мардуми Эронинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин (ҳамал) ё ба 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд.

Наврӯз бо асотири космологӣ оид ба табиати миранда (дар зимистон) ва зиндашаванда (дар баҳор) вобаста аст.

Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Мувофиқи тақвими авестоӣ, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7 то милод ҷорӣ буд, ҷашни аввали баҳорро Наврӯз номиданд. Ҷашни аввали тирамоҳро Меҳргон ва ҷашни рӯзи 10-уми баҳманмоҳ, яъне 30-юми январ, ки 50 рӯз пеш аз Наврӯз меояд, Сада мегуфтанд. Ривоятҳо ва ақидаҳо дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз хеле зиёданд. Мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ, шоҳони Сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.
Шоҳони сосонӣ дар рӯзи аввали Наврӯз дар қаср нишаста, мардумро қабул мекарданд.

Рӯзи дуюм шоҳ дар дарбор мансабдорон ва давлатмандонро даъват намуда, суҳбатҳо меоростанд.

Рӯзи сеюмро шоҳ бо мубадон, яъне бо рӯҳониён мегузаронид.

Рӯзи чаҳорум суҳбат бо аҳли дарбор мекард.

Рӯзи панҷум фарзанду хешу таборонро пазироӣ мекард.

Рӯзи шашум худи шоҳ Наврӯзро ҷашн мегирифт.

Ҷашни рӯзи шашумро рӯзи Наврӯзи Бузург номиданд.

Баъди истилои арабҳо Осиёи Миёнаю Эронро кӯшиш мекарданд, ки ҷашнҳои қадимаю анъанавии халқҳоро аз байн баранд. Халқҳои Осиёи Миёнаю Эрон ба зулму ситами аҷнабиён нигоҳ накарда Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Ҷамшед» номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд.
Ба ивази ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шиннӣ, шир, шона) ҳафт син ҷорӣ шуд. Дастархон бо ҳарфи син шурӯъ мешуд ва онро оро медоданд (сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷит, сир, себ, сипанд ва дар баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва сипанд сабза, суманак ё санбӯса мегузоштанд).
Дар давраи Сомониён ҳам анъанаҳои бостонии халқи тоҷик-Наврӯз ва Садаю Меҳргон бо як шукӯҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифта мешуданд.

ҶАШНИ САДА

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
(Фирдавсӣ)
Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ ойини оташкада…
(Низомӣ)

Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии ориёӣ мебошад.
Дар китобҳои таърихӣ ривояте ҳаст, ки шоҳ Ҳушанг дар саҳро ба аждаҳое вохӯрд ва хост, ки ӯро бо санге саркӯб намояд. Аммо санг на ба мор, балки ба санге зад ва аз он оташ пайдо шуд ва аждаҳо гурехт. Ҳушанг шукронаи Худоро кард, ки оташ ӯро аз аждаҳо раҳонид ва оташро ба хона овард. Сада ҷашни таваллуди оташ мебошад. Ориёиҳо оташро қиблаи худ сохта, нишонаи Худованд дар замин донистанд. Оташ аз қадим дар ҳаёти инсон роли муҳим мебозид. Одамонро аз сармо наҷод дода, аз даррандагон эмин доштааст.

ҶАШНИ МЕҲРГОН


Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.
(Масъуди Саъд)

Меҳргон баъди Наврӯз дуюмин иди бузурги миллии ориёиҳо мебошад. Аз рӯи солшумории ниёгони мо 22-сентябр оғози моҳи Меҳр аст. Ҷашни Меҳргон ин ба рӯзи 16-уми моҳи Меҳргон-рӯзи фариштаи Меҳр марбут аст, ки мутобиқ ба 16 сентябр мебошад. Ин моҳро аз он сабаб Меҳрмоҳ мегӯянд, ки мардумон ба якдигар меҳрубонӣ мекунанд ва аз ҳосили ғаллаву меваҳо ба ҳамдигар ҳадя мекунанд. Ҷашни Меҳргонро ҷашни ҳосилғундорӣ мегӯянд, ки дар ин рӯзҳо зироати ғалладона пухта мерасад.

Муаррихони гузашта дар бораи ҷашни Меҳргон дар давраи Ҳахоманишиён навиштаанд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ дар иди Меҳргон либоси арғувонӣ ба бар мекунанд.

Ривоят аст, ки дар ин рӯз аз тухми Каюмарс Мошиёна ва Мошиён, яъне Одам ва Ҳавво ба дунё омаданд ва дар ин рӯз Фаридун бар Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро дар ғори беохир андохт ва мардумро аз банди марг наҷот дод ва худаш ба тахт нишаст.

Мувофиқи маълумоти Абӯбакр Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал кишоварзон дар рӯзи 1-уми фарвандин баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ид мекарданд, ки онро «Наврӯзи кишоварзон» ва «Наврӯзи муғон» меноманд. Наврӯз дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва баъди истилои муғул ҳам аз тарафи халқ бо тантана ҷашн гирифта мешуд.

Хуршед САИДОВ,
омӯзгори литсейи тоҷикӣ-туркии
шаҳри Қӯрғонтеппа


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Тасвири Наврӯз дар осори бузургон

Тасвири Наврӯз дар осори бузургон

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонист

Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА