Дар як сатр
» » Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

22-03-2015, 10:53

Ғамхори аҳли заҳматМавлонбӣ муаллима аст. Кори таълиму тарбияро ба уҳда дорад. Ӯ аз овони ҷавонӣ, яъне баъди хатми мактаби миёна ба кор гузашт. Фаъолияти кориашро аз кӯдакистон шурӯъ намуд. Тарбия мекарду таълим медод. Вале Мавлонбӣ ҳис намуд, ки ҳоло ҷавон асту душворӣ мекашад. Баробари ин аз рафту равиши кор чандон бархурдор нест. Бояд савияи донишашро баланд бардорад.

Аз хатм намудани мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳраки Фархор чанд муддат гузашта буд. Табиист, ки аз нав бояд омодагӣ мегирифт. Ба ин мақсад чанд моҳ тайёрӣ дид. Чун боварӣ ҳосил кард, ки аз санҷишҳо гузашта метавонад, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб супорид. Аз санҷишҳо бомуваффақият гузашт. Вале таҳсилро ба таври ғоибона идома дод. Ҳам кор мекарду ҳам таҳсил. Ҷойи кораш кӯдакистони №2-и маркази ноҳияи Фархор буд. Аслан ӯро ба ин ҷо раиси ҷамоати шаҳрак даъват намуд. То соли 1987 ҳамчун мураббӣ фаъолият кард. Маҳорату таҷриба ва кордониашро ба назар гирифта, ӯро мудири ҳамин муассиса тайъин намуданд.

- Давоми фаъолияти кориам дар онҷо бо кӯдакон чунон унс гирифтам, ки,- мегӯяд Мавлонбӣ Тӯраева, - аксар вақт бо калонҳо низ бо забони кӯдакона сухан мекардам ва ин камбудиамро борҳо эрод мегирифтанд. Соли 1997 вақте ки маро мудири филиали Коллеҷи омӯзгории ноҳия тайъин намуданд, моҳҳои аввали кориам душворӣ кашидам. То аз дунёву олами тифлон берун шудан чанд муддат азоб дидам. Вале таъсираш то имрӯз боқӣ мондааст. Ҳар гоҳ ки бо кӯдаке сухан мегӯям ё муомила мекунам, тез бо ҳам унс мегирем, забони ҳамдигарро хуб мефаҳмем.

Ҳамин аст, ки Мавлонбӣ имрӯз дар оила модари ғамхор ва бибии меҳрубон аст. Рӯзе, ки мо меҳмони апаи Мавлонбӣ будем, дар хона меҳмони нав, набераи дӯстрӯяк ба дунё омада будааст. Ва инро Мавлонбӣ туҳфаи Худованд дар арафаи иди Наврӯз медонисту аз он шукргузорӣ мекард. Ба ин муносибат муаллимаро табрик гуфта, файзу баракати нав, тансиҳатию хушбахтии оилавӣ таманно намудем.

Бо мақсади таъмин намудани макотиби ноҳияи Фархор бо муаллимон, ки бинобар сабаби аз кор рафтани баъзе омӯзгорон норасоӣ ба амал омада буд, дар ин ҷо коллеҷи омӯзгорӣ ташкил ёфт. Роҳбарии ин коллеҷро ба уҳдаи Мавлонбӣ Тӯраева вогузор намуданд. Давоми се сол дар ин ҷо фаъолият намуд. Дар кори тайёр намудани муаллимони ҷавон дар дастҷамъӣ бо омӯзгорон кори хайреро ба ҷо овард. Тавонист, ки дар кори тайёр ва таъмини мактабҳо бо муаллимон саҳми муносиб гузорад.

Вале муаллимаро вазифаи дигаре интизор буд. Дар конференсияи кормандони иттифоқи касабаи маориф ва илми ноҳия ӯро раиси кумита интихоб намуданд. Интихоби аъзои иттифоқи касаба бесабаб набуд. Кулли омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ӯро хуб мешиносанд ва иззату эҳтироми зиёдро соҳиб буд. Ҳарчанд, ки кор як дараҷа душвор буд, бо вуҷуди ин интихоби ҳамкоронро қабул намуд. Ва он ҳангом изҳор намуда буд, ки бо дастгирию ҳамкории муаллимон кори соҳа беҳтар хоҳад шуд. Ва чунин ҳам шуд. Аз соли 2000-ум ин ҷониб раисии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ноҳияи Фархорро ба уҳда дорад. Он ҳангом дар соҳаи маориф 48 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба амал мекард. Ҳарчанд шумораи мактабҳо зиёд бошанд ҳам, вале миқдори ташкилотҳои иттифоқи касаба кам буданд. Тавассути маҳорати баланди кордонӣ ва ташкилотчигӣ вазъи соҳа сол аз сол беҳтар гардид. Дар ин самт хизмати мудирони маориф низ кам набуд. ӯро дастгирӣ мекарданд, дар якҷогӣ фаъолият менамуданд. Ҳам кори таълиму тарбия ва ҳам шароити мусоиди кории омӯзгоронро фароҳам меоварданд. Имрӯз шумораи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба 63 ва аъзои он бошад, ба 2731 нафар мерасад.

- Заҳмату ранҷи муаллима Мавлонбӣ дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва ҳамчунин дар кори фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба зиёд аст.

- Ҳарчанд дар пешрафти кори Мавлонбӣ Тӯраева дастгирии шуъбаи маориф ва шахсони масъул ба назар расад ҳам, вале худи ӯ қобилияти баланди ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва омӯзгорӣ дорад,- мегӯяд бо мамнуният мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшо Сафаров. - Коллективи омӯзгорон ва умуман, кормандони соҳаи маорифи ноҳия аз фаъолияти кори муаллима қаноатманду розиянд.

Бо дастгирӣ ва ҳамдастии шуъбаи маориф ва саъю талоши Мавлонбӣ Тӯраева кулли ташкилотҳои иттифоқи касабаи макотиби ноҳия бо дафтари корӣ ва ҷиҳози корӣ таъмин буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо вогузоршударо бо сарбаландӣ ба ҷо оваранд. Тавассути роҳбарӣ ва дастгирии раиси иттифоқи касаба муаллимон аз тамоми имтиёзҳо бархурдор буда, барои онҳо шароитҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Барои муаллимон кӯмакпӯлӣ, истироҳату фароғат дар санаторияҳо ба қадри имкон дастрас аст. Баробари ин сари чанд вақт намояндагони кумитаи иттифоқи касаба ба аёдати собиқадрони меҳнат, онҳое, ки имрӯз барҷомонда шудаанд, рафта, ба онҳо ба қадри имкон ёрии молӣ мерасонанд.

Таъмини омӯзгорон, алалхусус омӯзгорони ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маркази диққат аст. Ин аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Фархор, бахусус раиси ноҳия Раъно Раҳимзода, ин масъала дар ҷойи аввал меистад. Давоми як-ду соли охир 526 нафар омӯзгор, аз ҷумла 126 нафар омӯзгори ҷавон бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва ин кор имрӯз ҳам идома дорад.

Мавлонбӣ Тӯраева зимни суҳбат аз ғамхорию меҳрубонии раиси ноҳия Раъно Раҳимзода нисбати кормандони соҳаи маориф изҳори қаноатмандию сипос намуда, афзуд, ки мо - омӯзгорон аз хизматҳои муаллима, раиси ноҳия хеле миннатдорем. Зиёд шудани шумораи боғча - яслиҳои кӯдакона гувоҳи ин аст, ки аз яктои солҳои пеш имрӯз он ба 7-то расидааст. Ва имрӯз имкон пайдо шудааст, ки занон-модарон кӯдакони худро ба боғча - яслиҳо супурда, бо хотири ҷамъ ба кор раванд. Аз ҷумла, занони омӯзгор аз ин иқдоми раиси ноҳия розию сипосгузоранд.

Ҳини аз хона баромадан назарам ба чанд табақ суманаки болои кат афтод. Маълум, ин қосиди наврӯзӣ аст, ки имрӯзҳо қариб дар хонаи ҳар тоҷик ба назар мерасад. Муаллима низ ин расму ойини ориёиро фаромӯш накардааст. Бо вуҷуди серкориаш вақт ёфта суманак мондааст. Охир бе суманак гузаронидан иди Наврӯз чандон лаззату дилгармие надорад.

- Мо ҳам ба иди Наврӯз омодагӣ мегирем, омодагии хонаводагӣ, - мегӯяд бо ифтихору фараҳмандӣ апаи Мавлонбӣ. - Чун анъана хонаю дарро аз нав бароварда, тозаю озода мекунем. Бо ин амал камбудию нуқсони мавҷударо ба соли рафта месупорем ва хушиҳои навинро аз соли нав таманно менамоем. Ин аз қадим мондааст. Хеле шукр мекунем, ки даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расму анъанаи тоҷикӣ боз ҳам боло гирифта, мазмуну маънии нав пайдо намуд.

Мавлонбӣ Тӯраева соҳиби се фарзанду нуҳ набера мебошад. Духтари калониаш пайи касби ӯ рафтааст. Писараш Рустам мутахассиси шуъбаи умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва духтараш Фотима бошад, донишҷӯйи курси дуюми Донишкадаи молия ва иқтисод мебошад.
Мавлонбӣ Тӯраева «Аълочии маорифи Тоҷикистон» буда, барои фаъолияти хуби меҳнатӣ бо ифтихорномаю раҳматномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят ва ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шудааст.

Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Фархор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Ҳабиби модарони Фархор

Ҳабиби модарони Фархор

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, НАҶОТ САФАРЗОДА
Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА