Дар як сатр
» » Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣ

21-03-2015, 09:10

Сарчашмаи пайдоиши иди Наврӯз як аст, аммо онро ҳар миллату давлат аз қадимулайём бо ойинҳои хоси худ ҷашн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Наврӯзро ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хос ва риояи ойинҳои миллӣ ҷашн мегиранд. Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо анъанаҳои қадимаи тоҷикон дар иди Наврӯз суҳбате доштем бо чанд нафар аз модароне, ки синнашон аз 100 гузаштаасту ба қавле таърихи зиндаи ойинҳои зиёди наврӯзӣ ҳастанд.

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣЯке аз ин модарони табаррук Ҳуриннисо Зоирова, сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Ҷиликӯл, мебошад.
- Аз саршавии баҳор мо барои Наврӯз омодагӣ мегирифтем, - ба ёд меорад солҳои 30-40-уми асри гузаштаро ӯ. - Сараввал гилем ва кӯрпачаҳои хонаро ба кӯча бароварда метакондем, офтоб мекардему тирезаҳоро кушода мемондем, то ин ки ҳамон сардию заҳри зимистон аз хона бадар равад. Ин маросимро дар мардум «хонабаророн» меноманд. Баъдан барои шудгор намудани қитъаи замин ва таҳияи суманак – ғизои вижаи наврӯзӣ ҳарчи зудтар кӯшиш мекардему ҳунар нишон медодем. Иҷрои ҳардуи ин кор дар фасли баҳор савоби зиёд дорад. Як рӯз пеш аз Наврӯз бо занҳои ҳамсоя якҷо маслиҳат карда, ҳар яке пухтани таоми миллиро барои дастурхони умумии наврӯзӣ ба зимма мегирифт. Баъдан дар наврӯзгоҳ ҷамъ шуда, дастархон меоростему ба ҳама пиру ҷавони деҳа таомҳои хушлаззати идонаро зиёфат медодем. Баъди тановули таом духтарон ба рақсу бозӣ машғул мешуданду писарон ба гӯштигириву дигар намудҳои варзише, ки хоси баҳору Наврӯз аст…

Бегиҷон Деҳқонови 69-сола, писари момои Ҳуриннисо, иброз дошт, ки модараш имсол ба 102 қадам гузоштааст.
- Шукрона аз он мекунам, ки дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ модарам дар бари ман аст ва маро дар лаҳзаҳои душвор роҳнамоӣ мекунад, - мегӯяд Б. Деҳқонов. - Ҳоло ман ба 70 қадам мондаам, вале ба кадом коре машғул шавам, модарам омада кӯшиши ба ман кӯмак карданро мекунад. Вақте ба болои бом баромаданӣ шавам, модарам аз пушти ман боло мебарояд, то ин ки мабодо аз болои бом наафтам…

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣҲамсуҳбати дигари мо зани солхӯрдаи сокини ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Ҷиликӯл Нозик Муҳиеваи туркмантабор аст, ки синнаш ба 107 расидааст.

- Мо барои аз дигар деҳаҳо хубтар гузаронидани иди Наврӯз тайёрии ҳамаҷониба медидем ва ба ҳамин ҳам муяссар мешудем, ки мардуми тамошогар ба мо аҳсан мегуфт, - зикр кард момои Нозик. - Яке аз расмҳои хоси мардуми мо намоиш додани мӯйи дароз ва ороиши он аст. Омода намудани домоду арӯс як орзуи ҷавонон аст, ки Худованд ҳамаро дар ин фасли баҳор ҷуфт гардонад. Додани таом дар ойини мо ба мақсади хайру садақа аст, ки дар ин рӯз касе ранҷурӣ ва танҳоиро ҳис накунад.

Наврӯз аз нигоҳи занони рӯзгордидаи хатлонӣТағайгул Самадова, сокини 102-солаи ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, ки ба синни 100 қадам мемонад, гуфт, ки аз миёни ойинҳои наврӯзӣ бештар аз ҳама гулгардониро дӯст медорад. «Дар айёми наврасию ҷавонӣ гулгардонӣ мекардем, ки он аз омадани баҳор дарак медод. Ба ивази гули туҳфакардаамон шодиёна низ мегирифтем. Дар рӯзи иди Наврӯз бошад, таомҳои миллӣ омода мекардему либосҳои миллӣ ба бар менамудем, барои қошу мижаи худро об додан дар ин рӯз ӯсмакашӣ низ мекардем», - ба ёд меорад Т. Самадова.

Зани рӯзгордидаи дигаре, ки барои мо аз ойинҳои қадимии Наврӯз қисса намуд, Чамангул Муллоеваи беш аз 100-сола, сокини ноҳияи Фархор, мебошад, ки то ҳанӯз анъанаҳои наврӯзиии даврони ҷавониашро хуб дар ёд дорад. Тавре ки худи ӯ мегӯяд, «Мо барои ҷашн гирифтани Наврӯз қариб як моҳ пеш аз фаро расиданаш тайёрӣ медидем. Аз хобондани сабзаи суманак шурӯъ мекардем, зеро Наврӯзро бе суманак тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ва дар рӯзи иди Наврӯз дастурхони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ, аз қабили оши бурида ва далда, гандумҷӯшак, самбӯса ва ровҷӯшак, ки бо алафҳои баҳорӣ тайёр карда мешавад, ороста, шодиву хурсандӣ мекардем. Ҳамчунин ба хотири он ки хушксолӣ наояд, мо занҳо маросими ашагулонро анҷом медодем».

Ин гуна шахсони солору рӯзгордида дар ҷумҳурии мо махзани хуби таърихи Наврӯзанд. Аёдати онҳо барои ҳар фард, бахусус ҷавонон фарз аст, чун истифода аз ёддоштҳои онҳо, омӯхтани сабақи зиндагиашон барои мо муҳим буда, суҳбати ширинашон ҳаловати аҷибе дорад.

Иди Наврӯзро ба ин модарон самимона табрик гуфта, барояшон тани бедарду рӯзгори осударо таманно дорем.

Давлатбеки КАРИМЗОД,
Низорамоҳи ҲАМИД



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Наврӯз- оғози баракати сол

Наврӯз- оғози баракати сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Боварҳои наврӯзӣ дар Вахшонзамин

Боварҳои наврӯзӣ дар Вахшонзамин

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш