Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Суҳбати онлайнии раиси вилоят


Суҳбати онлайнии раиси вилоят


   Рӯзи 26 май раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи навбатии комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, ки дар шаҳри Санкт-Петербург барпо гардид, ба тариқи онлайн иштирок намуд.
   Дар ин ҷаласа 16 масъала, аз ҷумла лоиҳаи консепсияҳои қонунҳои намунавӣ “Дар бораи бехатарии муҳити зист” (дар таҳрири нав), “Дар бораи партови истеҳсолот”, “Дар бораи ғалла”, “Дар бораи реҷаи ҳуқуқии ҳудудҳое, ки олудаи маводи радиоактивӣ шудаанд”, “Дар бораи дастрасӣ ба маълумоти экологӣ” (дар таҳрири нав), “Дар бораи фондҳои экологӣ”, “Дар бораи занбӯриасалпарварӣ”, “Дар бораи кишоварзии органикӣ” мавриди муҳокимаи вакилон қарор гирифт. Иштирокчиёни ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, инчунин, доир ба фаъолияти шарикии кӯҳии назди ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (MountainPartnership), инчунин ҷараёни омодагӣ ба конференсияи “Симои шаҳри муосир” бахшида ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ, омодагӣ ба конгресси нуҳуми байналмилалии экологӣ дар Нева ва дигар масъалаҳои мубрам табодули назар намуданд. Вакилон ҷиҳати такмили қонунҳои намунавӣ таклифу пешниҳодоти худро ироа намуданд. Аз ҷумла, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳамкорони худ аз кумита пешниҳодоти худро доир ба лоиҳаи қонун “Дар бораи ғалла” ба унвонии котибот ирсол кардаанд. Қарор карда шуд, ки ҷаласаи ояндаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад. Дар ҷаласаи навбатӣ маърӯзаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пешбинӣ гардидааст

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода