Дар як сатр
» Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

26-12-2014, 00:30

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона),
сармуҳаррир


5 марти соли 1961 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Аз ҷамъи собиқаи кории 35-солааш 25 соли он ба журналистика бахшида шудааст. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун ходими шуъбаи мактубҳо дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшида, пас аз он омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Бохтар, мутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон низ буд.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА,
муовини сармуҳаррир


16 марти соли 1984 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Пас аз анҷоми таҳсил дар мактаби №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2001 шомили факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, онро соли 2006 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Собиқаи кории ӯ аз замони донишҷӯияш оғоз гардида, дар мактаби №59-и шаҳри Душанбе як сол омӯзгорӣ, баъдан дар нашрияҳои «Қалам» (ДМТ), «Сабз дар сабз», «Рӯзи нав» ва дигар расонаҳои иттилоотии миллию байналмилалӣ хабарнигорӣ кардааст.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"САТТОР ҚАРАХОНОВ,
котиби масъул


1 январи соли 1953 дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) ба дунё омадааст.

Дар соҳаи матбуоти тоҷик собиқаи зиёда аз 40-сола дорад. Фаъолияти рӯзноманигориро аз рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод»-и ноҳияи Колхозобод (ҳозира «Навиди Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) оғоз карда, аз ходими адабӣ то ба мақомҳои мудири шуъба ва котиби масъул расид.

Соли 1978, вақте ки дар вилояти навтаъсиси Қӯрғонтеппа рӯзномаи вилоятӣ бо номи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ташкил ёфт, ӯ ба ин нашрия ба кор даъват шуд. Аввал ҳамчун мухбири калон дар шуъбаи сохтмони советӣ ба кор шурӯъ намуд.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"САИДАЛӢ БОБОХОНОВ,
мушовири сармуҳаррир


Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 1973 дар нашрияи ноҳиявии ноҳияи «Ба пеш»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз намуд. Аввал ба сифати ходими адабӣ, сипас ба ҳайси мудири шуъба адои вазифа кард.

Баъди таъсис ёфтани рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», соли 1980 ба ҳайати эҷодии ин нашрия пайваст. То соли 1994 дар ин рӯзнома дар вазифаи мудири шуъба, котиби масъул ва муовини сармуҳаррир кор кард.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
(Ҳангомаи Исмат),
мудири шуъбаи ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳанг ва адабиёт


23-юми майи соли 1984 дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоби Тоҷикистон дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби деҳа, тавассути квотаи президентӣ ба факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) шомил шуд.

Аз солҳои донишҷӯӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаи якуми радиои Тоҷикистон ва радиои «Садои Душанбе», ҳамчунин бо нашрияи «Зиндагӣ», чопи Душанбе, ҳамкорӣ мекард.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"КОМРОНИ БАХТИЁР,
мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори омма


13-уми октябри соли 1993 дар вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 2011 шомили шуъбаи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав шудааст. Соли 2015 онро хатм намуда, соҳиби дипломи журналистӣ гардид.

Ҳоло магистранти ин донишгоҳ мебошад.

Аз соли 2013 хабарнигор ва аз моҳи сентябри соли 2015 мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори оммаи нашрияи вилоятии «Хатлон» аст.


ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"НИЗОМИДДИН ИСОЕВ,
мудири шуъбаи иқтисод ва кишоварзӣ


15-уми декабри соли 1993 дар деҳаи Оқгазаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 2011 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №5-и деҳаро хатм намуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи ДДҚ ба номи Носири Хусрав месупорад. Соли 2015 донишгоҳро хатм кардааст.

Аз моҳи январи соли 2011 бо рӯзномаи вилояти «Хатлон» ҳамкорияшро оғоз намуда, аз соли 2013 то ба ҳол дар рӯзнома ба ҳайси хабарнигор фаъолият менамояд.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ,
хабарнигор


18 октябри соли 1955 дар деҳаи Гулобод (пештара ба номи Калинин), деҳоти Арал, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаи деҳаро соли 1972 хатм намудааст. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Шевченко (ҳозира ба номи С. Айнӣ) мебошад.

Солҳои 1977-1982 муаллими мактаб шуда кор кардааст.

Оғоз аз соли 1985 ба кори матбуот мепайвандад. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Ба пеш», телевизиони вилояти Хатлон, рӯзномаи вилоятии «Хатлон» фаъолият кардааст.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ,
хабарнигори минтақавӣ


10 сентябри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.

Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси муаллими забону адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Фаъолияти рӯзноманигории Ғ. Ҳалимов аз соли 1981, замоне ки ба рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» ба кор омад, шурӯъ шудааст. Баъдан дар рӯзномаи ноҳиявии «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ ба ҳайси ҷонишини муҳаррир ва рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мухбири махсус дар минтақаи Кӯлоб фаъолият дошт. Дар ин рӯзнома то моҳи сентябри соли 2011 кор кард.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ФАРОМӮЗ БОБОЕВ,
мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ


29-уми сентябри соли 1995 дар ноҳияи ба номи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 2002 ба остонаи МТМУ №27-и ноҳия қадам ниҳода, онро соли 2013 бомувафақият хатм намуд.

Соли 2013 шомили факултаи филологияи тоҷик, шуъбаи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав гашта, айни ҳол дар курси 4-юм таҳсил мекунад. Гирандаи стипендияи аъло мебошад.

ИДОМА


ҲУСЕЙН МАЛИКОВ, хабарнигор
Моҳи майи соли 1955 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст.

Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ)-и шаҳри Душанбе, соли 1976 фаъолияти кориашро дар мактаби таҳсилоти умумии №4-и ноҳияи Вахш оғоз намуд.

Ҳамзамон бо рӯзномаи ноҳиявии «Вахш» ҳамкорӣ мекард ва пас аз чанде пурра ба кори ҳамин рӯзнома гузашт.

Соли 1979 баробари таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳозира «Хатлон»), фаъолияти журналистиашро дар ин рӯзнома идома дод.


ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"НАҶОТ САФАРЗОДА,
хабарнигор


10-уми сентябри соли 1956 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи №6 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон шомил шуда, бахши журналистикаи факултаи мазкурро соли 1978 ба поён расонидааст.

Фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳии рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» оғоз намуда, минбаъд дар ин ҷо ба сифати тарҷумон ва мухбири калон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи январи соли 1981 ба рӯзномаи «Мубориз», имрӯза рӯзномаи ноҳиявии «Гулхани Восеъ»-и ноҳияи Восеъ, ба кор омада, аввал ба сифати котиби масъул, ҷонишини муҳаррир ва аз соли 1993 то имрӯз ба сифати муҳаррири рӯзнома фаъолият менамояд.

ИДОМА


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ХУДОЙДОДЗОДА ЗУЛФИЯ ГУРЕЗ,
коргузори идора


12 декабри соли 1978 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро аз рӯйи ихтисоси таърих ва ҳуқуқ хатм кардааст.

Солҳои 2005-2007 ба ҳайси коргузор дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон фаъолият доштааст.

Аз соли 2007 то соли 2010 мутахассиси шуъбаи коргузории прокуратураи вилояти Хатлон буд.

Аз соли 2012 дар идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳо, баъдан котиба-коргузори идора ба кор омад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ГУЛРУХСОР ХУДОЙДОДОВА,
хазинадор


28 апрели соли 1968 дар ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 1985 курси яксолаи муҳосибиро дар ноҳияи Восеъ хатм намудааст. Дар Литсейи касбии техники №60-и ноҳияи Вахшро аз рӯйи касби «Системаи компютер ва интернет-технология» таҳсил намуда, соҳиби диплом шудааст (с. 2014).

Собиқаи кории беш аз 15-сола дар соҳаи савдо ва муҳосибот дорад.

Аз соли 2010 дар идораи рӯзномаи «Хатлон» ба ҳайси хазинадор фаъолият мекунад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"ТӮЙЧИБЕК МАҲМУДОВ,
мудири хоҷагӣ


20 майи соли 1953 дар деҳаи «Хурсандӣ»-и ноҳияи Октябр (ҳозира ноҳияи Бохтар) таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаро дар соли 1970 хатм намудааст.

Соли 1973 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР сафарбар шуда, соли 1975 хизмати сарбозиро сарбаландона ба охир расонидааст.

Соли 1976-ум мактаби яксолаи ҳисобчӣ (бухгалтер)-ро дар шаҳри Душанбе хатм намудааст.

Аз кормандони собиқадори идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» буда, дар ин ҷо аз соли 1978 ба ҳайси хоҷагидор фаъолият мекунад.

ИДОМА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ
САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ
ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

Ҳайати эҷодӣ
НАҶОТ САФАРЗОДА

НАҶОТ САФАРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ