Дар як сатр
» » Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

21-03-2015, 08:52

ТАБРИКОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ
БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Ҳамдиёрони азиз!

Инак, Наврӯзе, ки дар зоти худ шинохти ақлӣ ва сиратии инсон аз низоми малакутӣ ва табиии ҷаҳонро дорост ва назму низомро дар шинохти ориёиҳои бостонӣ ба ростӣ, некӣ, озодагӣ, эътидол ва созандагӣ устувор намуда, маънии воқеии ҳастии инсонро таъйин менамояд, ба сарзамини куҳанбунёду зебоманзарамон қудуми хуҷаста гузошт.

Наврӯз дар тӯли тақрибан шаш ҳазор соли пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоию амалӣ касб намудааст. Дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абурайҳони Берунӣ «Пешонии соли нав» аст.

Маҳз таъйини соли нав, ки ҳисоби дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид. Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуда, амали созандаро ҳамчун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоӣ буда, ин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа рушд биёбад.
Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад, ки он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ, наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори аҳли ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳатии инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист.

Дар айёми фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай инсонҳоро зарур аст, ки қалби худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок намуда, қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд.

Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдодии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Фарҳанги инсондӯстии Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки дар навбати аввал роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва ба ҳамин васила теъдоди ҳарчи бештари омилҳои ҷудоиро аз миёни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ бардорем.

Чӣ хеле ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Воқеан Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён аз насл ба насл то замони мо овардааст. Вақте ки ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин ойини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст».

Ва барои мо-тоҷикону кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Дар сатҳи Созмони милали муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи Аҷам ҳаргиз тасодуфӣ нест. Ин иқдоми муҳим на фақат дар рушди тамаддуни муосир фоли нек аст, балки гувоҳи он мебошад, ки имрӯз ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзишҳои олии маънавию ахлоқии фарҳанги наврӯзӣ ниёз дорад.

Таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурда, айни ҳол ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврӯзи Аҷам дар он аст, ки дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст.

Аз ҳама муҳимаш, анаъанаҳои Наврӯз дар пайванду робитаи давлатдорон бо мардум ниёзу хоҳишҳои онҳо нақши муҳим доштаанд. Аз ин ҷост, ки он ҳам дар сатҳи мардумӣ ва ҳам дар сатҳи давлат бо риояи меъёрҳои хоса таҷлил мешуд.

Агар пас аз суқути Сосониён сатҳи баргузорӣ ва таҷлили ин ид коҳида буд, бо ба сари қудрат омадани хонадонҳои миллии тоҷикон, мисли Тоҳириёну Сафорриён беш аз ҳама, Оли Сомон номи Наврӯз ва анъанаҳои созандаи он бори дигар тақвият ёфтанд ва шоирону донишмандон ба тавсифи он бо азму талоши беназир пардохтанд.

Дар гузашта давраҳое буданд, ки мардум Наврӯзро ошкоро ҷашн гирифта наметавонистанд, бо вуҷуди ин таомулҳои онро пинҳонӣ ва бо номҳои дигар ба ҷо оварда, аз насл ба насл ба мерос медоданд. Хушбахтона, имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гардидааст, ки Наврӯзро расман иди миллӣ эълон карда, онро дар кишвари худ ба таври васеъ ва бо тамоми анъанаву суннатҳояш ҷашн гирем. Бешубҳа, Наврӯз ҷашни табиат буда, робитаи инсонро бо мавҷудоти олам пайванд месозад. Ва баракату фаровонӣ аз фазилатҳои неку писандидаи ҷашни баҳор аст.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят дар арафаи иди Наврӯз ва рӯзҳои ҷашн ҷаласаҳои идона ва сайру гаштҳои пурнишот тадбирҳое, ки анъанаҳо ва касбу ҳунарҳои миллию аҷдодиро тарғиб ва бозгӯ менамояд, доир мегарданд.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Вале ҳақиқат ин аст, ки танҳо баъди соҳиби истиқлоли давлатӣ шудани Тоҷикистони азиз ҷашни Наврӯз умри дубора ёфт ва имрӯз дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати бемисл таҷлил мегардад.

Бо омад-омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад, хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накӯкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад.

Бузургони илму адаби мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.

Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро таҷлил менамоем.

Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад.

Дар охир фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба тамоми мардуми шарифи вилоят ва Тоҷикистони азиз табрик гуфта, бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷик орзу менамоям.

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш