Дар як сатр
» » Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

20-03-2015, 10:46

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Субҳи имрӯз, 20 март, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос ба сохтмони Хонаи адибон ва Қасри фарҳанг дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзид.

Бинои мазкур бо маблағгузории шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар кӯчаи Борбади маркази маъмурии вилоят қомат афрохта, бо Осорхонаи вилоятии «Авасто», Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин, маҷмааи Ҷалолиддини Румӣ ва бинои Идораи телевизион ва радиои вилоят ҳамшафат хоҳад буд.

Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода ва шаҳрдори Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ба бинокорони Қасри нави фарҳанг дар кори сохтмон нерӯмандӣ ва комёбӣ хостанд. Раиси вилоят оғози сохтмони Хонаи адибонро дар Рӯзи зиёиёни эҷодкор ва пешорӯи Наврӯзи бостонӣ фоли нек ҳисобида гуфт, ки ин бино дар оянда журналистон, шоиру нависандаҳо ва кулли қаламкашони шаҳру вилоятро гирди ҳам оварда, дар он тамоми шароити мусоиди корӣ фароҳам хоҳад шуд.

Имрӯз ҳамчунин бо иштироки раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода ва шаҳрдори Қӯрғонтеппа А. Асадулло ба бунёди бинои маскунии 12-ошёна дар кӯчаи ба номи Айнӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Ин бинои баландқомат дар маҳалли собиқ «Ёрии таъҷилӣ», ки дар ҳоли садамавӣ қарор дошт, сохта мешавад. Бо дастури раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, барои муассисаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳр дар маҳалли дигар бино дода шуд.

Соҳибкоре, ки азми бунёди ин бинои 12-ошёнаро дорад, зимни маросими оғози сохтмони он ваъда супурд, ки то Наврӯзи соли оянда онро мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад дод.

Ҳангомаи ИСМАТ

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Аксҳо аз Мурод Назариён


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Қӯрғонтеппа. Бунёди 17 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА