Дар як сатр
» » Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

20-03-2015, 09:49

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар КушкияДар деҳаи «Гурулдӣ»-и ҷамоати деҳоти «Кушкия»-и ноҳияи Темурмалик бо мусоидати молиявии Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт мактаби нав иборат аз шаш синфхона ва дафтари омӯзгорон бунёд гардид.

Дар маросими ифтитоҳи ин таълимгоҳ Йошиширо Хориё, намояндаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Мирзохон Гулмаҳмадзода, раиси ноҳияи Темурмалик, ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ки барои бунёди бинои нави мактаб дар ин деҳа аз ҷониби Ҷопон беш аз 113 ҳазор доллари ИМА ҳамчун грант ихтисос ёфта буд. Фарши бинои мактаби куҳна дар ҳолати номатлуб қарор дошта, деворҳояш тарқишҳои фарох доштанд ва ба муҳити таҳсили хонандагон таъсири манфӣ мерасонд.

Алъон бо анҷом ёфтани лоиҳа 180 нафар хонандагони синфҳои 1 то 11 дар бинои хуштарҳу бехатар таълим хоҳанд гирифт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Темурмалик аз ҷониби хеш бинои нави мактабро бо таҷҳизоти омӯзишӣ аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ муҷаҳҳаз гардонид.

Ба иттилои сафорати Ҷопон дар Душанбе, аз соли 1996 ба ин сӯ аз ҷониби Барномаи ҷопонии кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ дар қаламрави Тоҷикистон 341 лоиҳа ба маблағи умумии 27,6 миллион доллари ИМА амалӣ шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Маркази бонувон дар Қумсангир

Маркази бонувон дар Қумсангир

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА