Дар як сатр

Пирдухтар...

19-03-2015, 14:56

«Қурбоққа шӯ дорад, обрӯ дорад!» - ин аст “таъна”-и серистифодаи мардум ба духтарони аз 20-сола боло, ки ҳанӯз бахт ба рӯяшон нахандидааст. Агар духтаре дунболи таҳсил дар мактаби олӣ ё карйерасозӣ шаваду дер шавҳар кунад, баъзе занони шавҳардор ҳатман ба рӯйи ӯ муҳри “ПИРДУХТАР” мезананд...

Пирдухтар...


Интизори “шоҳзодаи рӯйи аспи сафед”

Санам, духтаре, ки ҳафтае пеш ҷашни 30-солагии худро таҷлил кард, ҳанӯз интизори «шоҳзодаи рӯйи аспи сафед»-и худ умр ба сар мебарад. Ӯ ҳарчанд ҷашни мавлуд дошт, каме маъюсу парешонхотир ба назар мерасид. Дар шарҳи сабаби ин ҳолаш гуфт, ки янгааш ӯро таъна задааст, ки «ба 30 даромадиву ҳоло ҳам шӯ накардӣ, пирдухтар шудаӣ!»

Солҳои гузашта чандин нафар ба хостгории ӯ омадаанд, аммо дар миёни номзадҳо Санам нафари дилхоҳашро пайдо накарда, ҳамакнун нафари муносиберо намебинад, то бо вай издивоҷ намуда, оила барпо кунад. Санам духтари хуб, зебо ва ҳунарманд аст, аммо то ҳанӯз оила барпо накардааст, зеро... донишманд аст. Бале, бале, ба гуфтаи худаш, маҳз ҳамин соҳиби диплому «донишмандӣ»-аш аст, ки чандин ҷавон аз хонадорӣ бо ӯ парҳез ё танҳо пешниҳоди зани дуввум будан кардаанд. Воқеан, имрӯз аксари занони дувум ё саввум маҳз «пирдухтарон» будаанд, ки бо амри волидон ё зери фишори ҷомеа бо мардони зану фарзанддор издивоҷ мекардаанд.

Ҳоло ду хоҳари бузурги Санам ва додаронаш соҳиби оилаҳои худ шуда, машғул ба тарбияи фарзандон ҳастанд. Аммо ин духтар мегӯяд, акнун ба ин хулоса расидааст, ки ба духтар, бахусус духтари тоҷик, доштани маълумоти олӣ ҳаммаънои бешавҳар монданро дорад, чун аксари ҷавонон моил нестанд бо духтарони соҳибмаълумот ҳамхона шаванд.

Таҳсил муҳим нест, шавҳар кун...

Бо гузашти солҳо интихоби ҳамсар барои Санам душвортар мешавад. Ҳамакнун вай дар хулқу хӯйи ҷавонон хислатҳои наҷиби барояш писандро камтар мебинад. Вай медонад, ки шояд ҷӯё шудани инсони бенуқсу аз ҳар лиҳоз мувофиқ барояш дуруст нест, чун синну солаш боло меравад, хостгорҳо дар ин авохир дигар дари хонаашонро намекӯбанд. Ва метарсад, ки дар интизории «шоҳзодаи орзуҳо»-яш дигар танҳо мемонад. Падари Санам як бор ҳам гуфта буд, ки агар медонист «ноз»-и духтараш бисёр шуда, ба хотири соҳибмаълумот гаштанаш бешавҳар мемонад, дар 18-солагиаш ӯро ба шавҳар медод…

Духтарони ҳамсоли Санам дар Хатлон бисёранд, ки ҳанӯз оила барпо накардаанд. Бархе аз онҳо фотиҳа шуда, аммо ҷавони номзадашон солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад. Шояд як иллати ҳамсари хуб пайдо накардани ин духтарон ҳам дар он аст, ки садҳо ҳазор ҷавони муҷаррад феълан дар хориҷи кишвар мардикорӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо дар Русия бо хонумҳои рус оила барпо карда, дигар майли бозгашт ба ватан надоранд.

«Аз ғайбати ҳамсоя – чумчуқ ба сарам соя!»

Чанде пеш бо Асадулло Маҳмудов, аз тоҷикони муқими вилояти Челябински Русия, суҳбат доштам. Вай гуфт, ки воқеан ҷавонони зиёде феълан дар кишвари муҳоҷират соҳиби оилаҳои нав шудаанд. Азбаски бисёре аз ин ҷавонон бори аввал оила месозанд, ин ба рӯҳу равон ва фарҳанги онҳо таъсир мерасонад ва шояд дигар хоҳиши издивоҷ бо духтари тоҷик, ки тибқи арзишҳои миллию мазҳабӣ тарбият ёфтааст, аз сару дилашон берун шавад.

Фарҳангу анъанаҳои хонаводаҳои тоҷик маъмулан аз оила сарчашма мегиранд. Зани бешавҳар дар миёнасоливу солмандӣ чӣ ки, агар аз 20-22-солагӣ боло равад, дар ҷомеа ҳама ӯро «пирдухтар» ном мебаранд. Дар ҷомеаи мо танҳо издивоҷу никоҳ занро соҳиби обрӯ ва эҳтиром мекунад. Ҳатто дар эҷодиёти шифоҳии халқӣ ҳам дар бораи ба истилоҳ, «пирдухтарон», мақолҳои зиёде вуҷуд дорад, масалан, «аз ғайбати ҳамсоя – чумчуқ ба сарам соя!».

Дар ҷомеаи Тоҷикистон зери мафҳуми «Зани идеалии тоҷик» ҳатман зани оиладор, модари мушфиқу меҳрубон, ҳамсари фармонбардору порсо тасаввур мешавад, на бонуи соҳибмаълумоту ходими илмию давлатӣ.

Нашрияҳои “зард” ва талошҳои оиладорӣ

Дар ҳоле, ки духтарони болиғу муҷарради зери синни 30 ҳам имрӯз дар интихоби ҳамсар дучори мушкилӣ ҳастанд, барпо намудани оилаҳои нав ба бонувони яккаву танҳо, ки бахтшикаста шуданд, низ кори саҳл нест. Нашрияҳои «зард»-и кишвар ҳар ҳафта шарҳи ҳоли даҳҳо занону духтаронро чоп мекунанд, ки мехоҳанд бо ҷавонмардони мувофиқ оила барпо намоянд. Дар анбӯҳи чунин «эълонҳо» ҳамчунин духтарони 18-19-сола ҳам барои ошноӣ бо ҷавоне бо ҳадафи оиласозӣ изҳори алоқамандӣ кардаанд. Аммо боз ҳам занони соҳибмаълумоте мисли ҳамсабақи ман моил нестанд, ки бахти худро аз роҳи чунин нашрияҳо пайдо кунанд. Вай, масалан, барои худ ор медонад ин корро. Албатта, шояд хато ҳам мекунад…

Ҳамагӣ чанд сол пеш синни издивоҷ дар Тоҷикистон аз 17 ба 18-солагӣ боло бурда шуд. Шояд як сабаби аслии роҳандозии ин тасмим ҳам бешавҳар мондани духтарони зиёде мебошанд. Чандин ҳолат ҳам ошкор шудааст, ки волидон аз тарси он, ки духтарашон «пирдухтар» намонад, дар шиноснома синни ӯро ғайриқонунӣ калонтар нишон дода, тӯйро осемасар барпо мекунанд.

Саҳми ҷомеаи маданӣ дар омодасозии духтарон ба издивоҷ

Баъзе созмонҳои ҷамъиятии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кӯмаку дастгирии ҷавондухтарони болиғ аз 25-сола, ки бо амри тақдир ҳанӯз шавҳар накардаанд, пардохтаанд. Ҳадаф аз ин иқдом омода намудани ин афрод ба оиладорӣ ва мусоидат ба издивоҷашон унвон мешавад. Салим Эргашев, коршиноси ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ки мутахассисони ин марказ феълан ҳудудан 60 ҷавондухтари деҳотиро номнавис карда, барояшон назокатҳои оиладорӣ ва ҳуқуқ меомӯзанд. Ба иддаои ӯ, бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумораи духтарони бешавҳари болиғ аз 25-сола дар вилояти Хатлон рӯ ба афзоиш аст, ҳеҷ ниҳоди расмӣ ё ғайриҳукуматӣ омори дақиқи онҳоро рӯйи даст надорад. Ба гуфтаи С. Эргашев, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон одат шуда, ки духтаронро талош мекунанд барвақт, дар синни 18-20-солагӣ ба шавҳар дода, ба истилоҳ қарзи падарию модариро аз сар соқит кунанд. Ва духтареро, ки синнусолашон аз 20-30 боло меравад, дар миёни мардум «пирдухтар» ном мебаранд, ки чунин муносибат ӯ ва волидонашро нороҳат мекунад.

Созмони дигари ҷамъиятӣ бо номи «Ғамхорӣ» низ талош дорад, ки ҷавондухтарони болиғ аз 25-30-соларо бо номзадҳои шоиста шинос кунад, то барои бунёди оилаи нав ва аз байн бурдани эҳсоси нобоварӣ ба худ мусоидат намояд. Ба иддаои Малоҳат Усмонова, равоншиноси ин марказ, духтарони бисёре ба назди ӯ омада, арзи дил мекунанд, ки барои то ҳол шавҳар накарданашон муддавом мавриди таънаву маломати атрофиён ва ҳатто бархе аз пайвандонашон қарор мегиранд. М. Усмонова афзуд, ки дар аксар маврид хеле барвақт ба шавҳар додани духтарон ҳам, бинобар ноомодагии ҷисмонию зеҳнии онҳо ба ҳаёти мустақил, бо вайроншавии ин оилаи ҷавон поён меёбад.

«Бозор»-и «пирдухтарон» кай ба ҷунбиш медарояд?

Саодат, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, барои писари муҳоҷираш, ки ояндаи наздик аз Русия бармегардад, арӯси 27-солаи соҳибмаълумотро интихоб кардааст, зеро ин духтар ба оиладорӣ омода шуда, соҳиби ҳунарҳои хуб ва ақли расо мебошад.

Аммо ба андешаи Зулхумор Каримова, зани солманде аз ноҳияи Бохтар, яке аз сабабҳои аслии зиёд бешавҳар мондани духтарон дар кам будани ҷавонони синни никоҳӣ мебошад. Вай афзуд, ки агар барои ҷавонмардони қобили кор шароитҳои кору зиндагии шоиста дар Тоҷикистон муҳайё гардад, духтарон ҳам дар пайдо кардани ҷуфти муносибе душворӣ нахоҳанд кашид.

Аммо ҳамоно гуфта мешавад, беш аз 100 000 ҷавони аз 18 то 27-солаи тоҷик, ки аксаран муҷарраданд, имрӯзҳо дар хориҷи кишвар мардикорӣ мекунанд. Табиаст, дар дохили Тоҷикистон даҳҳо ҳазор ҷавондухтар интизори онанд, ки ҷавонони муҳоҷир пайса кор мекунанду баъди бозгашт бо онҳо оила месозанд.

Шояд бо бозгашти қисме аз ин ҷавонон, «бозор»-и «пирдухтарон» ҳам ба «ҷунбиш» медарояд? Шояд дар миёни ҷавонони муҳоҷир «шоҳзода»-и деринтизори Санам ҳам ҳаст? Ё то он замон як насли нави духтарони 18-сола ба воя расида, навбати аввалро онҳо мегиранд?

Носирҷон МАЪМУРЗОДА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ