Дар як сатр
» » Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

19-03-2015, 13:24

Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон

Имрӯз, 19-уми март, дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа молҳои истеҳсолкардаи мардуми Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуд. Ин тадбир, ки аввалин намоиши молҳои Ҳиндустон дар вилояти Хатлон ба шумор меравад, то 25-уми марти соли равон идома хоҳад ёфт.

Дар намоишгоҳи мазкур либос, маҳсулоти заргарию сангҳои қимматбаҳо, чой, атру собунҳои хушбӯй ва дигар молҳои ниёзи мардум пешкаши дӯстдорони маҳсулоти ҳиндӣ гардиданд.

Нахуст, ҳунармандони Ҳиндустону Тоҷикистон таҳти зарби доираву навои карнай ва рақси дилфиреби ҳиндиёнаю тоҷикона мардумро ба тамошои намоишгоҳ даъват намуданд.

Баъдан, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоят, ба сухан баромада, зикр намуд, ки ин иқдом бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати кишвар рӯйи кор омада, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Қӯрғонтеппа ва Палатаи савдо ва саноати вилоят низ дар баргузории намоишгоҳи маҳкур саҳмгузоранд. «Маҳз ташкили чунин намоишгоҳҳои муштарак шароити мусоид фароҳам меорад, ки додугирифти мо бо ин давлати дӯст дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ равнақ ёбад», - афзуд Р. Раҷабов.

Санҷай Кумар, намояндаи ширкати намоишгоҳҳои «INDO RUSSIA EXPO» низ ба минбар баромада, аввалин сухане, ки ӯ гуфт, «Фарҳанги Шумо-фарҳанги мо». Дар идома мавсуф, аз пешоҳангони ин иқдом хусусан Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилоят, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоят ва Прадип Кумар, раҳбари намоишгоҳҳои «INDO RUSSIA EXPO», расман ба кори намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон, ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Қудратулло Олимов, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят, гуфт, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳи мазкур ҷалби сармоя, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолии муштарак бо истифода аз технологияи муосири инноватсионӣ тавассути коркарди ашёи хоми ватанӣ бо истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад.

Масъулони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сокинони шаҳри Қӯрғонтеппаю навоҳии гирду атроф аз молу маҳсулоти кишвари Ҳиндустон бо завқи баланд дидан намуданд.

Амонҷон МАҲКАМОВ

Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон


Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон


Намоиши молҳои Ҳиндустон бори аввал дар Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баргузории намоиши таълимӣ-туристӣ дар маркази вилояти Хатлон

Баргузории намоиши таълимӣ-туристӣ дар маркази вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм
Президент: «Ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи ворид ...

Президент: «Ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯи нави молҳои ивазкунандаи ворид ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
«Тента-Кӯлоб» дар намоишгоҳи байналмилалии Истанбул

«Тента-Кӯлоб» дар намоишгоҳи байналмилалии Истанбул

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА