Дар як сатр
» » Мусулмонии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов. Нома ба тоҷикситезон

Мусулмонии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов. Нома ба тоҷикситезон

13-07-2018, 15:55

Мусулмонии Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов. Нома ба тоҷикситезон

мрӯз сохти давлатдории Тоҷикистон бидуни шаку тардид, намуна барои кишварҳои дигари Шарқи мусалмонӣ мебошад.Мусалмонии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов як мусалмонии шахсони бохирад мебошад. Масалан ману ту бо рӯи пурпашми худ хурдтарин кори хайреро барои ислом анҷом надодаем, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуз корҳои бешумори густариши исломи солими анъанавӣ, чанде пеш Донишгоҳи исломиро дар пойтахти кишвар ифтитоҳ намуд. Саймӯмин Ятимов бо доноиву ҳушёрии худ, намегузорад ки нозиҳои навин марзҳои кишварро убур кунанд.

Зафар МИРЗОЁН

Сухане чанд ба дингароёни ифротӣ, ки мехоҳанд шабакаҳои иҷтимоиро майдони ҳарзаофариниҳои хеш қарор диҳанд.


Тоифае аз дингароёни ифротӣ инак садсолаҳо нула мекашанд, ё ба истилоҳи ирониён зуза мекашанд, ки «Вой, ислом! Вой, ислом хор шуд! Вой, исломро фулониҳо хароб кардаанд…» Ҷамъияте худро мусалмони пок мепиндорад, зеро суннӣ аст, ҷамъияти дигар аз шиъӣ будани хеш болида, дигаронро мушрикони дин эълом медорад ва аз миёни равияҳои дигар он қадар раҳгумони боварҳои динӣ ба чашм мехӯранд, ки хешро масъули мусалмонсозии мардумони саросари ҷаҳон пиндошта, дил пур аз кина рисолати Худованди бахшояндаи меҳрубонро ба дасти худ гирифта, бандагони он яктои беҳамторо «мушрик», «кофир» мехонанд. Бо ин кирдори хеш пай намебаранд, ки худро ба гуноҳи бузурге гирифтор кардаанд, ки кайфари онро дар ҷаҳони фонӣ хоҳанд дид.
Аз навиштаи фейсбукӣ ҳувайдост, ки шахси гаштаю баргашта ифодагари вожаи «Исломситезон», худ аҷири мамлакате мебошад, ки дар зери шиори ислом, (ҳамон ислом хор шуд), ҳадафи хароб кардани кишвари орому ободро дорад. Бо коштани нифоқ, ҳамдигарситезӣ даст ба манҳустарин иқдом, яъне ватанфурӯшӣ бурдааст. Ба чашми чунин ватанфурӯшон пешравиҳои кишвари тоҷикон, осудагии мардумонаш, лаби пурхандаи душизагонаш бо либосҳои миллӣ, озод будан дар интихоби ақида, чун хор мехалад. Онҳо мехоҳанд дар давлате, ки бо иттифоқи оро мардумонаш, тарзи дунявӣ ва даҳрии зиндагиро пазируфтаанд, кишвари сияҳпӯшону аммомабасаронро бунёд намоянд, Дар сари роҳ занонро сангсор кунанд, дар майдон душизаеро бо туҳмат сар бибурранд. Кишварро ба ҷаҳолати асримиёнагӣ вопас бикашанд. Огаҳон медонанд, ки аксарияти равшанандешони кишварҳои ҳамсоя дар муҳоҷират умр ба сар мебаранд. Беҳтарин андешамандону фарҳангиён дар кишварҳои озод ба офаридани асарҳои адабиву бадеӣ машғуланд. Мо дар ин ҷо порчаеро аз шеъри яке аз ҳамзабонони хориҷиамон меоварем, ки бо дарду озурдахотирӣ ва ҳамзамон танзу истеҳзо сохти давлатдориашонро зери интиқод қарор додааст:

مملکت در دست مشتی خائن غارتگر است Мамлакат дар дасти муште хойину ғоратгар аст,
بسکه این ملت خر است Баски ин миллат хар аст.
حال روشنفکر بیچاره ز بد هم بد تر است Ҳоли равшанфикри бечора зи бад ҳам бадтар аст,
بسکه این ملت خر است Баски ин миллат хар аст.

 

مملکت افسوس برگشته به صد ها سال پیش Мамлакат афсӯс баргашта ба садҳо сол пеш,
حرف عمامه است و ریش Ҳарфи аммомасту риш.

 

زانکه هر سو شیخکی بر منبری در عرعر است З-он ки ҳар сӯ шайхаке бар минбаре дар ар-ар аст
بسکه این ملت خر است Баски ин миллат хар аст.

 

Дар поён мехоҳам ба ҳамраҳони фейсбукӣ бирасонам, ки имрӯз сохти давлатдории Тоҷикистон бидуни шаку тардид, намуна барои кишварҳои дигари Шарқи мусалмонӣ мебошад ва фазои мусоиду фараҳбахш барои ҳамаи диндорон, ҳама қавму миллатҳо фароҳам оварда шудааст. Мусалмонии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Саймӯмин Ятимов як мусалмонии шахсони бохирад мебошад. Масалан ману ту бо рӯи пурпашми худ хурдтарин кори хайреро барои ислом анҷом надодаем, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷуз корҳои бешумори густариши исломи солими анъанавӣ, чанде пеш Донишгоҳи исломиро дар пойтахти кишвар ифтитоҳ намуд. Саймӯмин Ятимов бо доноиву ҳушёрии худ, намегузорад ки нозиҳои навин марзҳои кишварро убур кунанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Баҳои талхи Меркелро ба мусулмонон маҷбурем фурӯ барем, зеро дуруст гуфтаас ...

Баҳои талхи Меркелро ба мусулмонон маҷбурем фурӯ барем, зеро дуруст гуфтаас ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Шӯрои уламо: Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА