Дар як сатр
» » Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бошед

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бошед

10-07-2018, 08:17

Дар ҷумҳурии мо низ бо сабаби ворид шудани ҳавои гарм аз Эрон тавассути ҳудуди Туркманистон, Ӯзбекистон ва шимоли Афғонистон гармшавии ҳаво мушоҳида гардид.

 

Рӯзона гармии ҳаво дар вилояти Хатлон ба 43 дараҷа расид. КҲФ ҳушдор додааст, шаҳрвандон бояд аз сайругашт дар нимаи дуюми рӯз, нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намоянд. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ, диққи нафас ва бемории қалб ранҷ мекашанд, бояд тибқи тавсияҳои духтурон амал намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Сокинонро зарур аст бо кӯдакони хурдсолашон нисфирӯзӣ ба сайругашт набароянд. Ҳарчи бештар об нӯшанд ва аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омодашударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар  натиҷаи гармии зиёд эҳтимоли обшавии пиряхҳо дар назар аст. Дар натиҷа омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо имкон дорад.

Аксҳои бардоштаи таҷрибаомӯзони идораи рӯзномаи "Хатлон"  аз шаҳри Бохтар гувоҳи ин гуфтаҳост:

Абдурасул Давлатов,
Шаҳноза Зоирова,
коромӯзони рӯзномаи "Хатлон"


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА