Дар як сатр
» » Хушдилон бо об таъмин мешавад

Хушдилон бо об таъмин мешавад

13-07-2018, 09:15

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии  рушди кишоварзӣ барои бо об таъмин намудани сокинони деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара ва обёрӣ кардани заминҳои он 45 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид.

 

Корҳои обкашонӣ аз моҳи июл оғоз гардида, дар нақша аст, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ хатти оби ошомиданӣ ба дарозии 8 километр то ба наздикии деҳа кашида шавад.

Солҳои зиёд аст, ки масъалаи оби ошомиданӣ дар деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Сокинони маҳаллӣ то имрӯз обро мехариданд ё мунтазири боришоти мавсимӣ мешуданд ва гоҳҳо аз оби чашмаҳои хурди дурдаст истифода мебурданд, ки он ба саломатиашон таъсири манфӣ мерасонид. Имсол бошад, аз сабаби камбориш омадани ҳаво ва гармии аз ҳад зиёд, заминҳои деҳаи мазкур беҳосил монд.

Ҳарчанд ин мушкилот солҳои зиёд сокинони деҳаро азият медод, хушбахтона, дар оғози соли Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» он ҳалли худро ёфт.

Сокинони ин деҳаи кӯчак аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдоранд.

 

 Абдурасул Давлатов,

коромӯзи рӯзномаи  «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сокинони деҳаи Хушдилони Данғара бо об таъмин мешаванд

Сокинони деҳаи Хушдилони Данғара бо об таъмин мешаванд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
«Оби ошиқ» сероб шуд

«Оби ошиқ» сероб шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо
Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ