Дар як сатр
» » Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

11-07-2018, 09:08

Баҳри таъмини дурнамои захираи чорво дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз аз ҷониби кишоварзону чорводорон ба миқ-дори 443 ҳазору 967 тонна хошоки дурушт, 34 ҳазору 945 тонна тарбеда, 244 ҳазору 229 тонна коҳи гандум, 957 тонна хӯроки ширадор (селоси ҷуворимакка) ҷамъоварӣ ва захира карда шудааст, ки 60% дурнаморо ташкил медиҳад.

Ба идаои  сардори Раёсати растанипарварӣ  ва чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Қаҳҳор Усмонов, камбориш омадани давраи зимистону баҳори сипаригардида барои  чорводорон дар самти таъмини хӯрока, мушкилиҳои зиёдеро пеш овард. Вале чорводорон новобаста аз ин мушкилот то имрӯз баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Ин аст, ки аз ҳисоби ҷамъоварии хӯроки чорво то имрӯз ба  як сар  моли шартӣ 9,4 сентнер хӯроки  чорво рост меояд, ки  нисбати соли гузашта 0,5 сентнер воҳиди  хӯроки  чорво зиёд мебошад.

Дарвоқеъ, чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва саноат-ро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қароқулӣ ва ғайра таъмин менамояд. Дар вилояти Хатлон низ чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ баъди растанипарварӣ дар ҷойи дуюм қарор дошта дар аксар шаҳру навоҳӣ сокинон зиндагии худро аз ин ҳисоб пеш мебаранд.

Низомиддин ИСОЕВ,

                     «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ