Дар як сатр
» » Таъмини волоияти қонун дар мадди аввал меистад

Таъмини волоияти қонун дар мадди аввал меистад

12-07-2018, 08:06

- 1414 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғол шудаву ғайриқонунӣ тақсим гашта,  дар вилояти Хатлон тибқи санади эътиноии прокурорӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуданд,-ин нукта зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2018  аз ҷониби  прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло садо дод.

 

Ҳамчунин, дар маърӯзаи прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода  атрофи бурду бохти соҳа давоми шаш моҳи сипаригардида таъкид гардид, ки ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта аз тарафи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо то имрӯз 440 санади прокурорӣ бароварда, 923 нафар  ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуд. Барои ғайриқонунӣ додани замин,  худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои ба замин алоқаманд 246 парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шуданд, ки нисбати соли пешин 54 парвандаи ҷиноятӣ зиёд  мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ин давра оид ба назорати иҷрои қонунгузорӣ перомуни ноболиғон ва ҷавонон аз тарафи кормандони ин ниҳод 78 санҷиш гузаронида, 1339 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 4,4 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар охири ҷаласаи корӣ прокурори вилоят таъкид кард, ки  дар баробари бурдбориҳо, инчунин камбудиҳо низ ҷой доранд. Аммо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят  саъй менамоянд, ки ҳарчи зудтар камбудиҳоро ислоҳ намуда, минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои ношоиставу зиддиҳуқуқӣ мубориза баранд, то волоияти қонун таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бечунучаро риоя гардад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

15 ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳ

15 ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳ

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ