Дар як сатр
» » Абармарди Вахшонзамин

Абармарди Вахшонзамин

12-07-2018, 09:02

Вақте ки мо ба таърих ва мероси гаронбаҳои моддию маънавии мардуми Хатлонзамин, ки он яке аз гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз аст, варақ мезанем, бевосита чеҳраҳои шинохта ва мардони бузургдил пеши назар меоянд. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки дар бораи зиндагиномаи Корманди шоистаи ҷумҳурӣ Абдухолиқ Мӯсоев, ки дар азхудкунии водии зарнисори Вахш аз деҳқони одӣ сар карда, то сарвари хоҷагиҳои калонтарини ҳамонвақта «Ленинград»-и  ба номи  Кирови ноҳияи Вахш кору фаъолият намуда, саҳми бориз гузоштааст,  қисса намоем. А. Мӯсоев дар оилаи деҳқони одӣ тавлид ёфта, ба воя  расидааст. Падараш Абдуқодир Мӯсоев дар деҳи Чинораки ноҳияи Балҷувон пешаи  деҳқонӣ намуда, соли 1953 бо аҳли оилааш ба водии Вахш, ки ҳамон вақт ин водӣ аз туғайзору чӯлистони ташналаб иборат буд,  кӯч бардошта, баҳри ободии ин диёри нообод камари ҳиммат бастанд.

Абдухолиқи ҷавон пас аз хатми факултаи агрономии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аввал, ба ҳайси сардори бригадаи пахтакории комплексии ҷавонон, сониян, сарагрономи хоҷагӣ шуда кору фаъолият намуд. Кордонию масъулиятшиносии ӯро котиби аввали ҳизбии вилоят Ғоибназар Паллаев ба инобат гирифта, роҳбари хоҷагии калонтарин- «Ленинград» таъйин намуд.

Дар даврони Шӯравӣ чунин анъана буд, ки агар шахс дар арсаи меҳнат худашро нишон медод, тез-тез ба вазифаҳои масъултар пешбарӣ мегардид. Хоҷагии мазкур, ки ҳамон вақт қафомонда ба ҳисоб мерафт, дар даврони роҳбарии ин марди меҳнатӣ дар як муддати кӯтоҳ ба хоҷагии пешқадам табдил ёфт. Вақте  ки хоҷагӣ нақшаи пахтаро дар  ноҳия аввалин шуда иҷро намуд, котиби аввали ҳизби коммунистӣ Тоҷикистон Ҷаббор Расулов барои табрикаш ба ин хоҷагӣ ташриф оварда, Байрақи сурхи сайёрро шахсан супорид. Абдухолиқи ҷавон акнун, вақте ки хоҷагӣ соҳиби даромади соф гардид, дар назди худ вазифа гузошт, ки соҳаи иҷтимоиётро баланд бардорад ва ҳамин тавр ҳам кард. Хоҷагӣ аз ҳисоби даромадҳо соҳиби мактабу беморхона ва кинотеатр гардид.

Рости гап, ҳамон вақт кам роҳбароне буданд, ки ҷуръат карда, ба рушди соҳаи иҷтимоиёт даст бизананд, чунки  роҳбарони  ҳамонвақтаи ҳизбӣ танҳо ба соҳаи кишоварзӣ равона гардида буд. Аммо ин роҳбари ҷавон ва қавиирода аз пешаи гирифтаи худ даст накашид ва дар як муддати кутоҳ барои муаллимону духтурони ҷавон хонаи дуошёна иборат аз 32 ҳуҷра сохта дод. Инчунин, хатти оби нӯшокӣ низ кашида шуд. Пули байни шуъбаҳои дуюм ва сеюми хоҷагӣ, ки валангор шуда буд, бо ташаббуси ин марди наҷиб аз нав барқарор гардид. Дар хоҷагии ба номи Киров  роҳбарон ҳамасола иваз мешаванд вале хоҷагӣ торафт рӯ ба пастравӣ мениҳод. Акнун боз роҳбарони ҳамонвақтаи ҳизбӣ дар фикри он шуданд, ки чӣ тавр ин хоҷагиро аз қафомонӣ раҳоӣ диҳанд. Тахмин моҳи октябри соли 1984, як пагоҳӣ дар хоҷагии «Ленинград» маҷлиси васеи фаъолони ноҳия эълон гардид. Котиби дуюми ҳизбии ноҳия Юрий Навошин ба минбар баромада гуфт, ки котиби аввали ҳизбии вилоят Абдукарим Қосимов ва вазири кишоварзӣ Аловуддин Робоев пешниҳод намуданд, ки аз ҳамин рӯз инҷониб А. Мӯсоев аз хоҷагии шумо озод шуда, ба хоҷагии ба номи  Кирови ноҳия роҳбар тайин мегардад. Аммо ҳамин лаҳза қисми зиёди иштирокчиёни маҷлис норозигӣ баён намуданд. Пас худи А. Мӯсоев ба минбар баромада, аз мардуме, ки ӯро дӯсташ медоштанду эҳтироми хосса доштанд, хоҳиш кард, ки пешниҳоди роҳбариятро дастгирӣ намоянд. Ҳамин тариқ, А. Мӯсоев ба хоҷагии Киров  роҳбар тайин шуд. Ӯ шабҳоро, асосан, дар утоқи кориаш рӯз мекард ва дар фикри он буд, ки хоҷагиро чӣ тавр аз нав ба по хезонад.

Ба тариқи ҳашар дар давоми 120 рӯз завод сохта шуд. Ӯ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти он  ба Тоҷикселхозтехника  шартнома баст ва завод ба кор шурӯъ намуд. Акнун хоҷагӣ аз ҳисоби коркарди пахтаи худ соҳиби даромади соф гардид ва аҳволи заҳматкашон низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодан гирифт.

Акнун А. Мӯсоев дар назди худ вазифа гузошт, ки беморхонаи деҳавӣ созад ва дар ин хусус бо мутахассисони  чехӣ  шартнома баст ва соли 1994 беморхонаи замонавии дорои 127 кат сохта шуд. Боиси ифтихор буд, ки дар ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба хоҷагӣ ташриф оварда, лентаи рамзии беморхонаро бурид. Пас аз ин, Ҷаноби олӣ ба А. Мӯсоев рӯ оварда, пурсон шуд, ки боз чӣ нияту иқдомҳои дигар дорад ва ӯ бо сари баланд ҷавоб дод, ки дар хоҷагӣ заводи равған бунёд мекунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. А. Мӯсоев барои дастрас намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ба Олмон сафар кард ва ба маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ таҷҳизот харидорӣ гардид ва завод дар як муддати кӯтоҳ ба кор шурӯъ намуд.

Симои хоҷагии ба номи  Киров батадриҷ  тағйир ёфт. Бо қомат афрохтани муассисаҳои маданию маишӣ –клубу китобхона, чойхонаю қаҳвахона, толори варзишӣ  ҷамоати «Киров»  ба шаҳраки замонавӣ мубаддал гардид.  Заҳматҳои ӯ аз тарафи Ҳукумат қадрдонӣ ёфта,  сари синаи ӯро ордену медалҳо ҷило медод. Боиси ифтихор аст, ки А. Мӯсоев фарзандони баркамол тарбия намудааст, ки ҳоло онҳо дар вазифаҳои масъул кору фаъолият намуда, пайрави падари бузургворашон мебошанд.

Сад афсӯс, ки А. Мӯсоев соли 2008 бо ҳаёт падруд гуфт. Вале кору пайкори ин абармарди Вахшонзамин дар дилу дидаи мардуми Хатлонзамин боқист ва ҳамеша бо некӣ ёдаш мекунанд.

Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки
накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда
кунад номро.
 
М. Муродов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Номи некаш ҷовидон монд

Номи некаш ҷовидон монд

Чеҳранигорӣ
Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Родмарде аз ёва

Родмарде аз ёва

Чеҳранигорӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Симои ҷовидона

Симои ҷовидона

Чеҳранигорӣ