Дар як сатр
» » Чӣ тавр кӯдаконро аз бемориҳои шадиди меъдаву рӯда эмин дорем?

Чӣ тавр кӯдаконро аз бемориҳои шадиди меъдаву рӯда эмин дорем?

9-07-2018, 09:53

Бемории дарунравӣ яке аз бемориҳое мебошад, ки дар байни кӯдакони то 5-сола зиёдтар ба назар мерасад. Дар ҷаҳон аз беобшавии бадан ва лоғарӣ, ки ҳангоми дарунравӣ (диарея) ба амал меояд, ҳар сол беш аз як миллион кӯдак, ё тахминан аз 200 нафари ба ин беморӣ дучоргашта як нафараш вафот мекунад. Аз дарунравӣ кӯдакон дар муқоиса бо калонсолон бештар талаф меёбанд, зеро организми кӯдакон тезтар беоб мегарданд.

Барои чӣ дарунравӣ ба кӯдакони хурдсол хатарнок аст? Чунки нишонаҳои хушкшавии оби бадан пайдо мешаванд.

Сабабҳои пайдоиши бемории дарунравӣ:

- магасҳо аз ахлоти сироятшуда ба воситаи пойҳояшон метавонанд хӯроки моро сироят кунанд. Маводи ғизоиро аз магасҳо эмин нигоҳ доред;

- микробҳои аз ахлоти сироятёфта метавонанд обро ифлос кунанд. Шустани табақу косаҳо дар обҳои ифлос касалиро мегузаронад. Табақу косаҳоро дар зарфи алоҳида шуста, аз оби ҷӯйбор истифода набаред, чунки шумо метавонед обро ифлос кунед.

Ҳамеша оби нӯшокиро ҷӯшонда, ба кӯдакон диҳед, чунки ҳангоми ҷӯшони-дан микробҳо мемиранд. Ба кӯдакон аз хурдсолӣ нишон диҳед, ки пас аз қазои ҳоҷат, инчунин пеш аз хӯрок  хӯрдан,  дастонро бо собун ва бо оби тоза шӯянд. Инчунин, ба кӯдакони синну соли хурд додани чочак қатъиян манъ аст. Чочак ҳам яке аз сабабҳои пайдошавии бемории дарунравӣ, даҳондардӣ (стоматит) ва ғайра мебошад. Ба беморони гирифтори дарунравӣ чаконидани чак-чакҳо ("Рингер” ва дигар чак-чак) мумкин нест. Инчунин ба кӯдак (ҳангоми дарунравӣ) додани антибиотикҳо ("Форсип”, "Сефокс” суспензия, "Сефтриаксон”) ва дигар доруҳое, ки барои шамолхӯрӣ ва сирояти бадан таъин карда мешаванд, ба беморони дарунравӣ беасос таъин кардан мумкин нест. Аммо бисёр волидайн дар ҳолати дарунравии кӯдаконашон рафта аз дорухона бе таъиноти духтур дору харида, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд.

Ҳангоми дарунравӣ кӯдак бояд то қатъ гардидани дарунравӣ ҳар чӣ бештар моеъ – нӯшокӣ нӯшад. То расидани ёрии тиббӣ кӯдак бояд алалхусус маҳлули намакдор - "Регидрон”-ро (маҳлули регидрататсионии даҳонӣ) нӯшад. "Регидрон” як воя (як пакет) барои як литр оби ҷӯшонида ва хунуккардашуда маҳлул кардани он пешбинӣ гардидааст. Инчунин, шири модар беобшавӣ ва лоғаршавии организмро пешгирӣ намуда, барои барқарорсозии моеи талафёфта ёрӣ медиҳад.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона барои (аз синни 0 то 5-сола) беморони гирифтори дарунравӣ дар ҳуҷраҳои табобатии регидрататсионии даҳонӣ нӯшонидани ОРС-Регидрон ба таври ройгон ташкил карда шудааст. Инчунин, маводи дорувории "Руҳ” (Синк) 20 мг ва регидрон бепул дода мешавад.

Ба волидайн тавсия медиҳем, ки дар хона ба кӯдакони бемории дарунрав ҷурғот, оби биринҷ, зардолуоб, оби мавиз, оби пӯсти анор, шӯрбои сабзавот ва биринҷ диҳанд. Падару модарон дар вақти кӯдаконро ба боғча ё мактаб бурдан аз харидани хӯроке, ки дар кӯча савдо мекунанд (обҳои гуногун - арсикола, фанта, оби себ, чойҳои гуногун), "кириешки”, "чипси”, ”Ролтон”, ҳасибҳои гуногун ва ғайра даст кашанд, чунин ғизоро ба кӯдаки худ надиҳанд. Савдогарон ин маводро дар ҳарорати номусоид нигоҳ дошта, дар офтоб монда савдо мекунанд. Инчунин, ин хӯрокҳо ягон витамину минерали ба организм фоидаовар надоранд, балки зараровар мебошанд. Ин мавод сабаби пайдо шудани бемории дарунравӣ, бемории меъдаву рӯда, кирми меъдаву рӯда, бемории аллергетикӣ мешаванд.

Аз ин рӯ, бояд саломатии кӯдаконро эҳтиёт кунем.

Лола САБУРОВА,

директори Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдаконаи вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Тандурустӣ ва экология
Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо
Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
559 мубталои бемориҳои сироятӣ

559 мубталои бемориҳои сироятӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Тандурустӣ ва экология