Дар як сатр
» » Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

13-07-2018, 09:50

Бо фаро расидани фасли тобистон ва оғоз шудани мавсими оббозӣ каналу дарё, ҷӯю обанбор ва обпартоҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки гармтарин минтақаи Тоҷикистон аст, серодам мегарданд. Дар он ҷойҳо бахусус кӯдакону наврасон хеле зиёданд. Барои онҳо оббозӣ ҳам василаи  салқиншавӣ ва ҳам як усули дилхушӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин фасли сол махсусан соҳили каналу ҷӯйборҳои зери назоратгирифта бештар серодам аст. Каналҳои «Хонум» ва «Ҷӯйбор» ки дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷойгиранд,  сокинонону меҳмонон аз ҷумла ҷавонону наврасон ба оббозӣ машғул шуда ба хатарнок будани баъзе мавзеъҳо ва оби ҷараёнашон тез аҳамият намедиҳанд, ки ин дар бисёр ҳолат ба оқибатҳои нохуш меанҷомад.

Аз ин рӯ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон назоратро дар чунин мавзеъҳои шиноварӣ пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртӯғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.

Чуноне, ки таъкид намудем, дар гармии тобистон талаботи мардум ба оббозӣ бештар гардидааст.  Ба ҳамин сабаб аз бемасъулиятии баъзе нафарон теъдоди ҳодисаҳои нохуш низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон низ мавҷуд набудани ҷойҳои махсуси оббозиро яке аз сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандон маънидод мекунад.

- Аз 13 нафаре, ки то ин давраи сол ҳангоми оббозӣ дар каналу заҳбурҳо ғарқ шудаанд, ҷасади ҳамагӣ 6 нафарашро дарёфт кардем, - гуфт Ҷамшед Холиқов, корманди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон.  - Сабабҳои асосии ба ҳалокат расидани шаҳрвандон дар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, худкушӣ, беэҳтиётӣ, лағжидан дар об, бемориҳои рӯҳӣ, беназоратии падару модарон нисбат ба фарзандон мебошад. Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои хавфноки шаҳри Бохтар лавҳаи «Оббозӣ манъ аст!»  насб мекунем, лекин онҳоро мешиканад.  Дар баробари ин кормандони Раёсат ҳар рӯз бо сокинони минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд ва даъват мекунанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.

Бинно ба иттилои Беҳрӯз Бобоев, корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 32 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки на ҳамаи онҳо қобили истифодаанд. Дар шаҳри Бохтар ҳамагӣ 2 ҳавзи шиноварии хусусӣ фаъолият мекунад, ки ҳарду ҳам мавсимӣ ҳастанд.

Дар идомаи суҳбат Б. Бобоев ибороз дошт, ки дар баъзе ноҳияҳои вилоят аз сабаби набудани имконияти молиявӣ ягон ҳавзи шиноварӣ бунёд нагардидааст.

 – Ҳангоми гарм ё арақ доштани бадан якбора ба оби хунук даромадан боиси кашиши мушакҳо ва фалаҷ шудани узвҳо мегардад, - гуфт Талабшо Саидов, корманди соҳаи тиб. - Барои ҳамин ҳам бояд дар як муддати муайян дар соҳили каналҳо нишаст ва ҳарорати баданро андаке муътадил намуд. Ҳамзамон, ба нафароне, ки таби баланд доранд ё дарди гулӯ доранд, ба оби хунук даромадан маслиҳат дода намешавад.

Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ сокинони вилоят дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бори дигар аз сокинону меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.

Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби  дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲУШДОРИ КҲФ ДАР МАВСИМИ НАВИ ОББОЗӢ

Хабарҳо
Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология