Дар як сатр
» » Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

10-07-2018, 11:46

Сулҳ овардӣ ба мулки тоҷикон,
Зинда карди номи тоҷик дар ҷаҳон.
Баҳри ҳифзи марзу буми ин ватан,
Рахна кардӣ курдугоҳи душманон.

Поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарвари  созандаву бунёдкор, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз лаҳзаи ба сари қудрат омаданашон  нахуст савганд ёд намуд, ки мардуми парешонгаштаро сарҷамъ менамояд. Бо ташаббус ва хизматҳои беназири Пешвои миллат ҳама ноободиҳо ба ободию шукуфоӣ  табдил ёфтанд. Барои самимияту якдилии мардуми  шарафманди миллати худ, роҳҳо бунёд намуд. Талошҳои  Пешвои миллат баланд бардоштани  нуфузу эътибори халқи тоҷик, инчунин миллати  тоҷик нигаронида шуд.

  Алалхусус, Пешвои миллати тоҷик аз минбари баланди СММ суханрониҳо намуда, ҳама мушкилоти  дар миёнбудаи тоҷиконро ҳаллу фасл гардонид. Ба ояндаи давлату миллат ва ҳама мардуми мулки хеш  муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дошт. Инчунин, бо пешниҳоди ин шахсияти барҷаста  соли 2003 –юмро  СММ Соли оби тоза ва солҳои 2005-2015 –умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намуданд.  Пешниҳоди навбатии Пешвои миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз тарафи СММ ва мардуми дунё дастгирӣ ёфт.

Хизматҳои таърихии Пешвои миллат пеши роҳи хатарро гирифтанд  ва ин талошҳои ӯ қуввату тавоноӣ ва ҷасорату ҳимоятгариро ба мо-ҷавонон омӯзонд. Байни мардуми тоҷик муносибати дӯстона  вусъат бахшида ва ин муносибати пойдорнамудаи Сарвари давлат  ибратомӯзи дигарон гардидааст.  Бо Пешвои худ бо ном ва бо нанги ӯ, бо мардонагию фидокориҳояш ифтихор дорем. Бо ба сари қудрат омаданаш ятимон оғӯши падар дарёфтанду  маъюбон меҳрубониро.

Арзи сипос он модареро, ки чунин фарзанди фарзонаи тоҷик ба дунё овардааст. 

Ин ҳама талошҳои беҳадду канори Президенти мардумӣ буданд, ки халқи  парокандаи мо номи «миллат»-ро гирифт.  Эмомалӣ Раҳмон нахуст сиёсатмадори даврони соҳибистиқлол буда, бо ин поксириштии хеш дар дилу дидаи миллати хеш маскан гирифтааст.  Маҳз бо талошҳои ин фарзанди фарзонаи миллат муҳоҷирон ва гурезаҳоро дар мулки ободи хеш сарҷамъ намуд. 

Сиёсатмадори варзида, ва ифодагари армонҳои умумибашарӣ Эмомалӣ Раҳмон,  тавассути таъмини сулҳу ваҳдат, барои гузаштан бар марҳилаи барқарорсозии  иқтисодиёт ва корҳои созандаю бунёдкорӣ қадамҳои боэътимод гузоштааст. Дар замони сарвари давлат интихоб шудани  Пешвои миллат, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро паси сар намуд. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои  хирадмандона ва бо матонату ҷасорати хеш ватанро аз вартаи фалокат раҳонид.  Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани ситораи тиллоии «Алберт Швейтсер» ва унвони  фахрии «Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб» дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гаштааст. Дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки бо ин мукофот  соҳиб гаштааст.  Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ- медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» -и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Пешвои миллати тоҷик гардидааст. Пешвои миллат дар байни сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аввалин Президент мебошад, ки бо гирифтани ин ҷоизаи фахрӣ  мушарраф гардида буд. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун бо ордени алмосдори  «ситораи сарпараст» - ҷоизаи ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон- Аҳмадшоҳи Масъуд»,  сарфароз гардидаанд.

Пешвои миллат ифтихор ва раҳнамои мо- ҷавонон мебошад. Имрӯз барои мо барои таҳсилу касбомӯзӣ ва фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ, инчунин навоварӣ шароити хуб муҳайё мебошад. Аз ин рӯ, мо- ҷавонон пайравони Пешвои миллатем!

 

Шоҳсанами Ризо, аспирант,   

Манучеҳр Латифов,

донишҷӯи соли аввали

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 


Шарҳи хонандагон +
Часы специально разработаны для профессионального использования. Его беспрецедентная функциональность и дизайн делают его популярным среди туристов.реплики часов В дополнение к разным показаниям часовых поясов,часы омега твердые материалы и легкий в использовании внешний вид подходят не только для ношения по всему миру, но и для любого случая.
Имрӯз, 11:16

Матолиби дигар:

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ