Дар як сатр
» » Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

12-07-2018, 10:12

11 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят, муовини аввал, муовинон, дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо,  раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ВАО ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон тайи шаш моҳи соли равон баргузор гардид.

 

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд. Ҳозирин сараввал ҳисоботи муовини аввали раиси  вилоят Зиёзода Сулаймон Ризоиро шуниданд. Тавре ки номбурда зикр намуд, заҳматкашони вилояти Хатлон баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми захираю имкониятҳо пурсамар истифода бурда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 6 млрд. 641,5 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи аввали соли 2017-ум 7,6 фоизро ташкил дод. Иҷроиши нақшаи  андоз дар давраи ҳисоботӣ 100,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷа 492,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 3,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра фаъолияти бонкҳо низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ба соҳаҳои иқтисодӣ 503,3 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 47 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ 160,4 миллион сомонӣ, савдо 98,5 миллион сомонӣ, саноат, сохтмон ва нақлиёт 244,4 миллион сомонӣ равона гардидааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғл фаро гирифта шудани шаҳрвандон мебошад.

Тавре ки муовини аввали раиси  вилоят таъкид дошт, дар ин давра 12963 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби баргузории 170 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 1677 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 4418 нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат ба 869, 1 сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Гардиши савдо ба 2164,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 116,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ низ ба 175,2 миллион доллари амрикоӣ расида, содирот 74,4 миллион доллари амрикоӣ ва воридоти молу маҳсулот 108 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки мутаносибан нисбати ҳамин давраи соли гузашта содирот 23,6 ва воридот 53,8 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Чуноне ки дар ҷамъомад зикр гардид, айни замон дар вилояти Хатлон 30 лоиҳаи  давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 385,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.  Аз ҷониби соҳибкорони вилоят 35 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 22,4 миллион сомонӣ таҳия гардида, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шуд.

Вилояти Хатлон вилояти калонтарини аграрӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Кишоварзон ҷидду ҷаҳд намуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун гардонанд. Дар шаш моҳи соли 2018-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 3605,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 290,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 392,3 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 150,7 ҳазор тонна картошка, 556,5 ҳазор тонна сабзавот, 181,5 ҳазор тонна полезӣ, 42,4 ҳазор тонна мева, 1,7 ҳазор тонна ангур, 31,3 ҳазор тонна гӯшт, 30,5 миллион дона тухм, 345,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 86,9 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3 миллиарду 237,7 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 603 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Риштаи саноат дар вилояти Хатлон сол то сол рушд ёфта, нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум афзоиши истеҳсоли семент 53 фоиз, гаҷи сохтмонӣ 35, риштаи пахтагӣ 13, равғани растанӣ 24, нон ва маҳсулоти нонӣ 10, орд 31, коркарди намаки ошӣ 22, маҳсулоти доруворӣ 60, мебел 85, маҳсулот аз пластики филизӣ 54 фоизро ташкил дода, истеҳсоли мазут 2,1 баробар, оҳаки бинокорӣ 2,6, истеҳсоли нахи пахта 3,1 ва либоси мактабӣ 3,9 баробар афзоиш ёфт.

Дар шаш моҳи соли 2018-ум 33 адад корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 350 ҷойи корӣ бунёд гардид. Тавре ки дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар шаш моҳи соли равон  таъкид гардид, аз ҳамаи манбаҳо азхудкунии маблағҳои асосӣ 1106,6 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 705,8 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ ба маблағи 333,4 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 236,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд.  Ҳаҷми боркашонӣ 10,6 миллион тонна иҷро гардида, ба 42,7 миллион нафар хизмати мусофиркашонӣ расонида шуд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 8,4 миллион сомонӣ дар 1771,3 километр корҳои таъмирии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят гузаронида шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 2406,2 ҳазор сомонӣ, дар 2,6 километр таъмири роҳ, 205 метр таъмири асосӣ, 19 км таъмири ҷорӣ, таъмири 5 адад пул бо дарозии 78 метр гузаронида шудааст. Ҳамчунин 71 км роҳҳо сангфарш гардиданд. Ҳамин тавр дар ҷамъомад доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва ғайраҳо ибрози назар намуданд. Пас аз шунида шудани маърӯза раисони шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯшониён, Фархор, Дӯстӣ оид ба бурдубохти соҳаҳои хоҷагии халқ дар ноҳияҳо изҳори андеша намуданд.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаҳои дахлдор бобати камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, захираи хӯроки чорво, бунёди корхонаву нуқтаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимиву табобатӣ дастур дод. Масъулини соҳаи иқтисод барои пайдо намудани сарчашмаҳои нави андоз, таъмини саривақтии қисми даромади буҷа муваззаф гардиданд. Роҳбари вилоят баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ривоҷ бахшидани корҳои бун-ёдкориву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ВАХШОНА,

«Хатлон»

Аксбардор Зубайдуллои Қодир



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ

Хабарҳо
Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат