Дар як сатр
» » Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

11-07-2018, 11:03

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҷамъомадро раиси  вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳ-мадзода ҳусни оғоз бахшида,  иброз дошт, ки дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбарони кумитаю вазоратҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доранд. 

Тавре таъкид гардид, ҳадаф аз ҷамъомади имрӯза пайгирӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018 оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ гардидани нақшаи омодагӣ ба ин санаи тақдирсози миллат мебошад. Чуноне ки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз дошт, Хатлон вилояти калонтарини ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аҳолии он беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад. 26 фоизи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад. Дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти саноат дар вилоят 2 миллиарду 500 ҳазор сомониро ташкил додааст.  Соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 598 ҳазор сомонӣ расида буд, таъкид рафт дар ҷамъомад. Чуноне ки ишора гардид,  айни замон дар вилоят 30 лоиҳаи давлатӣ ба маблағи 385 миллион доллари амрикоӣ татбиқ гашта истодааст.  Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2018 таҳти рақами 1059,  қарори раиси вилояти Хатлон  аз 8 июли соли 2018 таҳти рақами 140 ба тасвиб расид.  Мақсад аз ин, омодигии ҳамаҷониба ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Дар ин раванд як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидааст,  зикр намуд раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ.  Тавре ки ироа гардид, сохтмони 3 ҳазору 171 иншооти хизматрасонӣ, таълимию табобатӣ ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар назар аст.  

Беҳтар намудани инфрасохтори вилоят  яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.  Аз ин рӯ, то 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳо  садҳо муассисаҳои табобатӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд карда шаванд. Ин имкон медиҳад, ки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад.  Муҳим аз ҳама бунёду азнавсозии бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона, боғу гулгаштҳо, бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолӣ, таъмиру тармими роҳҳо дар тамоми маҳалҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ин баҳри рушди инфрасохтори деҳот замина мегузорад. 

Ҳамчунин,  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои иншоотҳои сохтмониро пешкаши иштирокдорони ҷамъомад намуд.  Тавре ки равшан гардид,  айни замон лоиҳаҳои сохтмонӣ,  аз ҷумла боғчаи кӯдакона, муассиаҳои таълимӣ, бунгоҳу маркази саломатӣ,  нуқтаҳои  хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, чойхонаву нонвойхона  омода гардидаанд.  Тавре ки дар ҷамъомад зикр гардид  бунёди иншоотҳои мазкур  ва амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таҷдиду азнавсозии роҳҳо имкон фароҳам меоварад, ки  то дурдасттарин мавзеъҳо ободу зебо гардида, масъалаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ пурра ҳаллу фасл гардад.  Ба ин васила сатҳи рӯзгори сокинони дурдасттарин маҳаллаҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баланд гардад. Муҳим аз ҳама ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад, таъкид гардид дар ҷаласа.  Масъулини соҳаҳои дахлдор баҳри  ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишуда муваззаф гардиданд.  Аз рӯйи масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул шуд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»

Аксбардор М. Сотиев



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ
Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ