Дар як сатр
» » Сокинони деҳаи Хушдилони Данғара бо об таъмин мешаванд

Сокинони деҳаи Хушдилони Данғара бо об таъмин мешаванд

5-07-2018, 10:19

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии  рушди кишоварзӣ барои бо об таъмин намудани сокинони деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара ва обёрӣ кардани заминҳои он 45 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид.

деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғарадеҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара

Корҳои обкашонӣ аз моҳи июл оғоз гардида, дар нақша аст, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ хати оби ошомиданӣ ба дарозии 8 километр то ба наздикии деҳа кашида шавад.

Солҳои зиёд аст, ки масъалаи оби ошомиданӣ дар деҳаи Хушдилони ноҳияи Данғара мушкилоти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Сокинони маҳаллӣ то имрӯз обро мехариданд ё мунтазири боришоти мавсимӣ мешуданд ва гоҳо аз оби чашмаҳои хурди дурдаст истифода мебурданд, ки ба саломатиашон таъсири манфӣ мерасонид. Имсол бошад, аз сабаби камбориш омадани ҳаво ва гармии аз ҳад зиёд заминҳои деҳаи мазкур беҳосил монд.

Ҳарчанд ин мушкилот солҳои зиёд буд, ки сокинони деҳаро азият медод, хушбахтона, дар соли оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» он ҳалли худро ёфт.

Сокинони ин деҳаи кӯчак аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдоранд.

Бешак, метавон гуфт, ки боз як гӯшаи Ватани маҳбуб ободу зебо мегардад.

 

Абдурасул Давлатов,

коромӯзи нашрияи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Оби ошиқ» сероб шуд

«Оби ошиқ» сероб шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи ду ...

Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи ду ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ