Дар як сатр
» » Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

6-07-2018, 09:23

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ хабар додааст, ки аз 7 то 10 июл дар ҷумҳурӣ бо сабаби ворид шудани ҳавои гарм аз Эрон тавассути ҳудуди Туркманистон, Ӯзбекистон ва шимоли Афғонистон гармшавии ҳаво дар назар аст.

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

 

Рӯзона гармии ҳаво дар вилояти Хатлон ба 43 дараҷа хоҳад расид. КҲФ ҳушдор додааст, ки бинобар гарм омадани ҳаво тӯли рӯзҳои 7-10 июл шаҳрвандон бояд аз сайру гашт дар нимаи дуюми рӯз, нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намоянд. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ, диққи нафас ва бемории қалб ранҷ мекашанд, бояд тибқи тавсияҳои духтурон амал намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Сокинонро зарур аст бо кӯдакони хурдсолашон нисфирӯзӣ ба сайру гашт набароянд. Ҳарчӣ бештар об нӯшанд ва аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар  натиҷаи гармии зиёд эҳтимоли обшавии пиряхҳо дар назар аст. Дар натиҷаи ин ҳолат омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо имкон дорад.

Аммо дар шаҳри Бохтар гармии ҳаво аз имрӯз ба мушоҳида мерасад. Аксҳои бардоштаи таҷрибаомӯзони идораи рӯзномаи "Хатлон" гувоҳи ин гуфтаҳост.

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

 

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

 

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

 

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

 

Аз таъсири гармӣ эҳтиёт бояд кард…

 

Абдурасул Давлатов,

Шаҳноза Зоирова,

коромӯзони нашрияи "Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Аз 12 то 15 май ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳаво гармтар мешавад

Ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА