Дар як сатр
» » “Бо рағми овозаи шайтонодам” чоп шуд

“Бо рағми овозаи шайтонодам” чоп шуд

5-07-2018, 08:33

    Ахиран се асари нави нависандаи маҳбуби Хатлонзамин Зариф Ибод дар нашриёти ”Бохтар”-и шаҳри Бохтар рӯйи чоп омад. 

“Бо рағми овозаи шайтонодам” чоп шуд

   Ду китоби тозатаълифи нависанда аз қиссаҳои "Худи ман кистам”, " Баҳси замину осмон”,"Дар мактаби бобову мома”, "Бо рағми овозаи шайтонодам” иборат аст. Асари сеюми  адиб "Офарин дил” ном дошта, ғазалҳои солҳои охир эҷодкардаи Зариф Ибодро фаро мегирад.

    Бояд гуфт, ки ҳар се китоб бо теъдоди умумии сесад нусха ба табъ расида, дастраси хонандагон шудааст. Адиб ин китобҳоро бо маблағи худ рӯйи чоп оварда, даҳ адад ба китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин ва панҷ адади дигар ба китобхонаи марказии шаҳри Бохтар тақдим кардааст.

Зариф Ибод - адиб   - Ман ин китобҳоро барои фурӯш набаровардаам, - гуфт Зариф Ибод дар суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон”, - балки ният дорам, ба ҳар толибилме, ки майл ба хондани китобҳо дорад, ҳамчун туҳфа тақдим намоям.

   Дар баробари ин, адиб боз нақша дорад, ки асари нави худро, бо номи "Дарандатарин даранда” моҳи сентябри имсол ба чоп расонад. Дар нақшаи эҷодии Зариф Ибод боз таълифи китобҳои нав, аз ҷумла барои кӯдакону наврасон ҷой дорад, ки чопашон соли 2019 дар назар аст.

   Дар ҳамин ҳол, аз бахши хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки шоир Миралӣ Салимов бо тахаллуси адабии Озар ният дорад ояндаи наздик китоби ғазалу ҳикояҳояшро рӯйи чоп орад. Маводи ин китоб гирд оварда шуда, омодаи чоп мебошад, вале, ба қавли муаллиф, бо сабаби ҷой доштани мушкилоти молиявӣ чопи он мавқуф гузошта шудааст.


Абдулҳасан Ғуломзода,

коромӯзи рӯзномаи "Хатлон”

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Дараи ҷӯй» рӯйи чоп омад

«Дараи ҷӯй» рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Китобхонаҳои Хатлон 61 ҳазор китоби электронӣ доранд

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ