Дар як сатр
» » Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

12-03-2015, 16:47

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сарраёсати кишоварзӣ семинар-машварати вилоятӣ оид ба самаранок истифода бурдани замин-омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ баргузор гашт.

Дар чорабинии мазкур, ки дар ноҳияи Қубодиён ба амал омад, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳо, мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

Сараввал иштирокдорони семинар дар хоҷагии деҳқонии «Ҷонибек»-и деҳоти У. Назаров дастҷамъона ниҳолони зардолуро шинонида, дар бунёди 1 га боғ саҳм гузоштанд. Пасон аз хоҷагии деҳқонии Рустам, ки дорои 38 га майдони кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта, гандум, пиёз, макка, картошка мебошад, дидан намуданд.

Диққати ҳозиринро фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Раҳматулло Махсум» ба худ ҷалб намуд. Роҳбари хоҷагии номбурда Исмоил Тағоев бобати истифодаи оқилонаи ҳар як гектар замин изҳори назар намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар 1 гектар замин пиёз кишт карда, хуб нигоҳубин менамоянд. Хароҷоти кишти пиёз ва нигоҳубину ғизодиҳӣ 8 ҳазор сомониро дар бар гирифт, агар 35 тонна ҳосил ба даст оранд, беш аз 35 ҳазор сомонӣ даромад мегиранд.

Натиҷаи ин аст, ки рӯзгори саҳмдорони хоҷагӣ, ки беш аз 22 гектарро дар бар мегирад, сол то сол рӯ ба беҳӣ оварда, ҷиҳати иқтисоди хоҷагӣ рушд менамояд. Дар ин хоҷагӣ ҳозирин ҳамчунин бо агротехникаи парвариши пиёзи барвақтӣ тариқи кӯчат ошно гардиданд. Ин усули кишт имкон медиҳад, ки маҳсулот хуб нашъунамо ёфта, ҳаҷмашонро якхела нигоҳ дорад. Албатта ин гуна ҳосили пиёз бештар харидор пайдо месозад.

Тулқин Кӯчаров, сокини деҳаи «Ҳаваскор»-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, оид ба самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки ҳамасола аз гармхонаҳои ҳавлиаш даромади хуб ба даст меорад.

Дар ҳақиқат ҳар як ваҷаб қитъаи замини наздиҳавлигии ин деҳқони асил бо риояи маданияти баланди заминдорӣ мавриди истифода қарор ёфта буд. Ҳозирин шоҳиди ҳосили зироатҳои зери плёнка қарордоштаи ин марди меҳнатӣ ва аҳли хонадонаш гардиданд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин астҲамчунин иштирокдорони семинар бо техникаи кишоварзии деҳқонии ноҳия ошно гардиданд, ки дар хатти тайёр гузошта шуда буд. Беш аз яксаду бист адад техникаи пуриқтидор, 65 адад тухмипошакҳо, ки пурра ба кишт омода буданд, диққати аҳли чорабиниро ба худ ҷалб намуд. Воқеан ин базаи муқтадири техникаи кишоварзӣ боз як бори дигар аз сиёсати оқилонаи Роҳбари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастгирии ҳамаҷонибаи хоҷагидорон дарак медиҳад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини корам бояд омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар дониста шавад. Ин буд, ки Роҳбари мамлакат заминро ба ихтиёри деҳқонони асил вогузор намуда, онҳоро соҳиби аслии замин намуд.

Деҳқонони ноҳияи Қубодиён дар истифода ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз як бори дигар таҷрибаи хешро ба меҳмонон нишон доданд.

Пас аз боздиди саҳроҳои хоҷагӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ дар толори кооперативи истеҳсолии «Авесто»-и ноҳия ҷамъомад баргузор гашт. Чорабиниро муовини аввали раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмон оид ба истифодаи оқилонаи замин ёдовар шуда, афзуд, ки дар ноҳия дар майдони 627 га сабзавот, 331 га картошка кишт карда шудааст.

Зимни суханронӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ироа дошт, ки ҳамагон шоҳиди ҳол гардидем, ки дар деҳаи Ҳаваскор аҳолӣ ҳамагӣ 2-3 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ бештар истифода намебаранд. Кӯшиш менамоянд, ки аз ин миқдор замин ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Ин аст маданияти заминдорию истифодаи пурсамари ҳар қитъаи замин. Роҳбари вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳо дастур доданд, ки бо роҳи истифодаи оқилонаи замин ҷойҳои нави корӣ муҳайё созанд, аҳолӣ ва ҷавононе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ боз меоянд, пурра ба кор фаро гирифта шаванд. Воқеан, дар вилояти Хатлон деҳқонон имкон доранд, ки аз як замин давоми сол 2-3 маротиба ҳосил ба даст биёранд. Танҳо андак заҳматқарину масъулиятшинос бояд буд.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Ҳосили картошка як баробар афзуд

Ҳосили картошка як баробар афзуд

Арсаи кишоварзӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА