Дар як сатр
» » Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид

12-03-2015, 15:30

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барпо гардид12 март дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор шуд.

Нахуст ҳозирин ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қурбон Қурбоновро шуниданд. Чуноне ки зикр шуд, дар 69 ҳазваи интихоботӣ оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 165 нафар номзад ба вакилӣ бо пешниҳоди конференсияҳои ҳизбӣ ва аз тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз шумораи мазкур то рӯзи интихобот 36 нафар номзадиашонро бо хоҳиши худ бозпас гирифтанд.

- Мансубияти номзадҳо вобаста ба ҳизбҳо, ки дар интихобот ширкат варзиданд, чунин буд: Аз Ҳизби халқии демократӣ 64 нафар, аз ҲКТ 1 нафар, ҲНИТ 12 нафар, аз ҲАТ 10 нафар, аз ҲИИТ 5 нафар, ба таври худпешбарӣ 37 нафар, - гуфт Қ. Қурбонов. - Аз ҷониби ҲСДТ, ҲДТ ва ҲСТ бошад, номзадҳо пешбарӣ нашуда буданд.

Чуноне ки раиси Комиссияи вилоятии интихобот таъкид дошт, дар рӯзи интихобот – 1 марти соли 2015 дар 1041 участкаи интихоботӣ шумораи умумии раъйдиҳандаҳо як миллиону 472 ҳазору 537 нафарро ташкил дода, 1 миллиону 289 ҳазору 546 нафар дар овоздиҳӣ ширкат варзиданд, ки ба 87,6%-и шумораи умумии интихобкунандагони вилоят баробар аст.

Аз шумораи умумии номзадҳои пешбаришуда аз рӯйи натиҷаи интихобот 69 вакил интихоб гардиданд. Аз ҷумла 13 вакили тозаинтихоб бонувон буда, 68 нафари онҳо маълумоти олӣ ва як нафарашон маълумоти олии нопурра доштааст.

Чуноне ки нотиқ зикр намуд, аз рӯйи натиҷаи интихоботи баргузоргардида унвонии комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ягон арзу шикоят ворид нашудааст.

Дар иҷлосия ҳамчунин ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти хатлон даъвати панҷум ва дастури кории Маҷлиси вакилон тасдиқ гардид. Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон низ созмон ёфта, ҳайат ва низомномаи комиссияҳои мазкур тасдиқ карда шуд.
Масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия, ки дар бораи пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо овоздиҳии пӯшида раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Асалмо САФАРОВА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

5 узви Маҷлиси миллӣ аз Хатлон интихоб шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешбарии номзадии Хайруллои Амонулло ба узвият дар Маҷлиси миллӣ

Пешбарии номзадии Хайруллои Амонулло ба узвият дар Маҷлиси миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Муборизаи 159 номзад барои 69 курсӣ дар Маҷлиси вакилони Хатлон

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ

Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ