Дар як сатр
» » Хатари сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба внмо афзудааст

Хатари сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба внмо афзудааст

5-07-2018, 09:02

Пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)  яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Дар мавриди алоқамандии  «Маркази муассисаи давлатии  муҳоҷирати  меҳнатӣ  ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам»  мусоҳибае доштем бо Сабзалӣ Чориев,  ҳуқуқшинос-машваратчии ин Марказ.
-Ба Муассисаи давлатии Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Бохтар  ҳамарӯза даҳҳо муҳоҷирон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсади сафар ба хориҷи кишвар доранд ва ё аз дигар мамлакатҳо баргашта омадаанд, бо масъалаҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили  ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоии муроҷиат менамоянд. Дар баробари додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ кормандони Маркази мо  бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии  масунияти одам  (ВНМО) бо ҳар як муҳоҷир суҳбати инфиродӣ гузаронида, тавсия медиҳад, ки ба Маркази пешгирӣ ва  мубориза бар зидди  бемории ВНМО, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт фаъолиятдошта,  рафта аз ташхис гузаранд.
-Маркази муҳоҷират дар асоси кадом дастуру супоришҳо  амал менамояд ва чӣ гуна чорабиниҳоро мегузаронад?
- Марказ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ  аз бемории вируси норасоии масъунияти одам дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ чорабиниҳо, вохӯриҳо, суҳбатҳо, корҳои иттилоотӣ ташкил ва баргузор намуда истодааст.
-Дар кори пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам бо Маркази муҳоҷират ҳамкориҳои дигар сохторҳо ҷой доранд?
-Албатта, Марказ дар кори пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам-ВНМО  ба намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши занон ва оила, шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ, шуъбаи кор бо маҳаллаҳо, бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, воситаҳои ахбори омма ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ менамоянд.
- Дар ин масъалаи муҳим кадом роҳу усулҳои  фаҳмондадиҳӣ бештар нафъоваранд?
-Бешубҳа, суҳбати инфиродӣ бо ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ ва, албатта, варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам, ки ҳар фарди солимфикр онро мутолиа карда, дар навбати худ ба наздиконаш  онро мефаҳмонад. Ба наздикӣ ба таваҷҷуҳӣ муҳоҷирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи-кистон иттилооти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: «Мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории норасоии масъунияти одам  (ВНМО), кишварҳои оламро ба ташвиш оварда, бахусус яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза  шинохта шудааст.
Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон аз ин беморӣ сироят меёбанд. Омили асосии он аз беэҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии  он мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироят аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз шири модари сироятёфта ба кӯдак мегузарад.
Ҳукумати мамлакат дар ҳамко-рӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа  барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро татбиқ намуда истодааст. Ташхису табобат аз ин беморӣ дар қаламрави  ҷумҳурӣ имкон дошта, он ройгон мебошад.
Бинобар ин, аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пеш аз сафари ба  муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар Марказҳои тиббӣ огаҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ  будан, худро аз он эҳтиёт  намоянд ва дар бозгашт, ҳатман, аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.
-Ба он нафароне, ки оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам кам огаҳӣ доранд, чӣ гуфтание доред?
-Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳем, ки барои нигоҳ  доштани саломатии худ ва аъзои оилаашон аз ташхиси муассисаҳои тиббии зикршуда гузаранд ва ба ин васила дар кори  тандурустию солимии ҷомеае, ки дар он мову шумо зиндагӣ дорем, саҳмгузор бошанд.   
 
Мусоҳиб
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Тандурустӣ ва экология

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Тандурустӣ ва экология