Дар як сатр
» » Ваҳдат нишонаи зиндагии озоду осоиштаи мардум аст

Ваҳдат нишонаи зиндагии озоду осоиштаи мардум аст

5-07-2018, 08:58

- Тақрибан моҳҳои августи соли 1992 ҷиянам Дилмурод бо ҳамроҳии писари амакам Музаффар, дар тан куртаи сафед, ки оғуштаи хун буд, ҳаросон ба ҳавлӣ даромаданд, - ба ёд меорад холаи Фирӯза. - Вақте ки ман авзои онҳоро дидам, зуд аз онҳо пурсон шудам, ки чӣ ҳодиса рӯй додаст.
Маълум шуд, ки Музаффар ва Дилмурод бо супориши модаркалон барои аз ҳолу аҳволи холаи Фирӯза хабар гирифтан аз маҳалли худ пиёда ба хонаи холаашон, ки дар маҳаллаи хоҷагии «Сабзавот» воқеъ буд, равон мешаванд. Дар роҳҳо гузаргоҳҳои назоратӣ (пост) ташкил ёфта буд. Он шабу рӯз нафаре, ки аз чунин назоратгоҳҳо гузаштанӣ мешуд, ҳатман аз ӯ суол мекарданд, ки куҷоӣ асту ва ба куҷо меравад.
Посухи ҷавонон ба яроқбадастон маъқул намешавад. Дар ҳамин ҳолат мӯйсафеди силоҳбадаст, ки дар даст пиёлаи чой дошт, ба қафаси синаи Музаффар мепартояд. Сипас, маҷбур мекунад, ки аз замин хокро бигираду ба рӯйи ҷароҳаташ бимолад. Ҷавон аз тарс ҳамин тавр ҳам кардааст.
Музаффар мегӯяд, ки дар он вақт захмам чунон сӯзиш мекард, ки чӣ кор карданамро намедонистам. Мӯйсафед моро ба дигар силоҳбадастон супорид ва бо ишораи рамзӣ гуфт: «Онҳоро рост ба ҳамон ҷо баред».
Музаффар ва Дилмурод мегӯянд, ҳангоми чунин суханро шунидан аз зинда мондани худ умедашонро канда буданд. 
- Моро пеш  - пеши автомат мебурданд. Аз рӯ ба рӯямон марди дигари яроқбадаст баромада монд. Аз мақсади ҳамяроқонаш огоҳ шуда, назди мо омаду суол кард: «Шумо ба хонаи кӣ меравед?». Дар ҷавоб гуфтем, ки ба хонаи апаамон Фирӯза, меравем. Ӯ боз номи фарзандони апаамонро пурсон шуд.
- Номи духтараш Шаҳло ва писараш Далер аст.
- Майлаш, бо ман меравед, агар дурӯғ гӯед, ҳардуятонро мекушам, - гӯён мард моро ба ихтиёри худ гирифт.
Ба гуфтаи Музаффар, вақте ки онҳо ба назди дарвозаи холаи Фирӯза расиданд, духтараш Шаҳло дар назди давроза машғули бози буд. Он мард аз Шаҳло пурсид, ки инҳоро мешиносад? Шаҳло дар ҷавоб мегӯяд, ки Музаффар ва Дилмурод акаҳояш ҳастанд. Ва он мард дасти Музаффар ва Дилмурод раҳо намуда, аз пайи кораш рафт. Онҳо ба хонаи холаи Фирӯза даромаданд.
 
Мадина ҶОБИРОВА,
таҷрибаомӯзи рӯзномаи «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Деҳқон соҳиби замин шуд

Деҳқон соҳиби замин шуд

Арсаи кишоварзӣ
15 фарзанди як модар

15 фарзанди як модар

Чеҳранигорӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Афсона»-и модар - панде барои писар

«Афсона»-и модар - панде барои писар

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дидори модару писар баъди 23 сол

Дидори модару писар баъди 23 сол

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Ҳаёти иҷтимоӣ