Дар як сатр
» » Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

3-07-2018, 06:58

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид,  дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умед ба фардои ободу осударо фурӯзон намуд.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, маҳз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ба ваҳдат расид.
Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллати тамаддунофари  тоҷик, иттиҳодиву ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва  тантанаи сулҳу субот дар кишвари азизамон гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро  ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ муайян сохт.
Бисту як сол қабл,  яъне 27 июни  соли 1997 дар шаҳри Мос-кваи Федератсияи Русия баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот,  сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон  аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои  сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Хиради азалии халқи тоҷик бо  сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис  гардид, ки санади сулҳи тоҷикон ба имзо расида, тамоми қувва барои рушди минбаъдаи кишвар ва суботи ҷомеа равона шавад. Бинобар ин бо шукргузорӣ аз суботу оромие, ки дар ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, бо ташаббуси фарзанди  фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз ёфт.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки мо 21-умин солгарди онро қайд намудем,   дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯзи ғалабаи хирад, рӯзи пирӯзии ғояҳои ватандӯстӣ ва иттиҳоди миллӣ боқӣ мемонад. Ин ҷашн  рамзи  баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда,  пирӯзии сулҳ ва ақлу заковати солими миллати хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон эътибору нуфузи кишвари моро зиёд намуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдат, аҳамияти фавқулода  бузургу таърихии имзои Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро тавсиф намуда, онро дар як радиф бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, иброз дош-тааст, ки агар Эъломия  ба таври  расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишномаи истиқрори сулҳ сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.
Мо-тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳофар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта,  чун падидаи нодири фарҳанги  сулҳофарӣ пазируфта шудааст.
Роҳи пурифтихоре,  ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи бисту як соли баъди имзои Созишномаи сулҳ паймудааст,  ба садсолаҳо баробар буда, ба наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ бояд омӯзонда шавад. Зеро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои пешрафти устувории кишвар қабл аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа мисли обу ҳаво зарур мебошад.
Ҳар як фарди бонангу номус ва солимфикр бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои заррин мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору  устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муҳими ҳамаи мо аз он иборат аст, ки давлатдории миллиамонро боз  ҳам таҳким бахшем.
Дар марҳилаи навини имрӯза  мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии  Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем. Бигзор хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад тобанда бошад.
Ваҳдату ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки нодиртарину қиматтарин дастоварди мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, чун омили тавоноии кишвари азизамон  бегазанду обод боқӣ бимонад!
Орзу Каримзода,
котиби суди ноҳияи Восеъ 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ