Дар як сатр
» » Поёни шаби сиёҳ сафед аст

Поёни шаби сиёҳ сафед аст

6-07-2018, 10:48

Онҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардаанд, имрӯз шукрона аз он мекунанд, ки ба  Ваҳдати миллӣ расиданд. Зиндагии мардум тинҷу осоишта гашта, бе ягон тарсу ҳарос меҳнат мекунанд.
Сафархӯҷа Абдуханови 65 сола, сокини ноҳияи  Дӯстӣ, имрӯз шукрона аз он мекунад, ки шоҳиди Ваҳдати миллӣ гардида, дар замони сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебарад.
- Зиндагии мардуми парешонгаштаи Тоҷикистон, алалхусус аҳолии Хатлонзамин, бениҳоят вазнин буд, мардум ғизои хӯрданӣ надоштанд, - он рӯзҳоро ба ёд меорад бобои Сафархӯҷа. - Дар он замон духтарчаам бемор шуд ва дар рӯйи дастонам ҷон дод. Аз ҷиҳати маводи ғизоӣ низ танқисӣ доштем. Мардум рӯзҳои дароз дар навбати нон меистоданд.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорон оила бесаробон монданд, яке падару дуюмӣ писар ва сеюмӣ наздиконашро аз даст дод. Нарзигул Бурҳонова аз ҷумлаи онҳоест, ки дар айёми ҷанг натавонист дар ҷанозаи амак ва бародараш иштирок кунад. Буданд нафароне, ки ҳатто ҷойи марқади онҳоро намедонанд.
Холаи Нарзигул мегӯяд, ки ин мисолро барои насли наврас овард, то бифаҳманд, ки он вақт одамон ба  азобҳои бенонӣ, ғурбату харобкорӣ тоқат карда, барои хушбахтии имрӯзаи онҳо ҷоннисорӣ кардаанд.
- Фаромӯш  набояд кард, ки ин нозу неъмате, ки имрӯз дорем, маҳз аз файзу баракати ваҳдат аст.  Сулҳу субот, аёми созандагӣ, рӯзҳои нек фаро расидаанд, ҳама аз пайи зиндагӣ, ободкорианд. Бо кӯшишу талошҳои Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон алангаи ҷанг хомӯш гардид. Вазъ ба эътидол омад. Гурезаҳо як - як, гурӯҳ - гурӯҳ ба макони зист баргардонида шуданд, - мегӯяд бобои Маҳмадулло Холов, сокини ноҳияи Кӯшониён.  
Абдумалик Ҷалолов, он замон дар заводи нони   ноҳияи Дӯстӣ кор мекард, иброз дошт, ки мардум барои маводи ғизоӣ гирифтан дар навбат меистоданд. Бахти мардум ваҳдати миллӣ ба дарёфти роҳи наҷоти миллат, хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯзи бемаънӣ, барои ба маҳалли зисти доимиашон баргаштани фирориён, барқарор сохтани ҳаёти осоишта замина гузошт.
… Дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мо - ҷавонон аз нақли чунин мардони хирад, падару модарон маълумот дармеёбем. Он барои насли оянда, махсусан мардуми диловару шуҷоатманди мо аз аҳамият холӣ нест. Ҳар қадар таърихи миллату меҳанро хуб бидонем, ҳамон андоза ба қадру манзалати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ мерасем.
Саёҳати МАҲМАДАЗИМ,
Хуршед НАҶМИДИНЗОДА,
Фаррух ХОЛОВ,


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастоварди бузурги миллат

Дастоварди бузурги миллат

Ҳуқуқу амният

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

«Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ шудем» (видео)

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Доғ дар дил ё сарнавишти марди қабркан

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР