Дар як сатр
» » Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази Хатлон

Таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази Хатлон

29-06-2018, 09:39

Шоми рӯзи 26 июн бо иштироки ҳазорҳо нафар ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил гардид. 

Чорабинии идонаро Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар оғоз намуда, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба мардуми тоҷик табрик намуд ва барояшон рӯзгори осоишта, тинҷию амонӣ ва саодату комёбиҳо таманно намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки ҳамеша дар Тоҷикистони азиз сулҳу субот таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор бошад. 

Ҳамчунин ёдовар шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодир дар раванди ҳалли низоъҳои дохилӣ  пазируфта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон мавриди эътирофу омӯзиш қарор гирифтааст.

- Имрӯз, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати комил ва суботу амнияти кишвар мардум ба меҳнати созанда машғул буда, барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти комили кишвар ва густариши Ваҳдати миллӣ ҷаҳду талош доранд,  - зикр кард Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар. - Баракату нусрати ваҳдати кишвар аст, ки пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ марҳила ба марҳила таъмин гашта, сатҳи некуаҳволии ҳар як хонадон боло меравад.

Сипас,  дар майдони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- и шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи консертии идона барпо гардид, ки дар он ҳунармандон дар васфи Парчам, Ватан, Тоҷикистони азиз ва дигар муқаддасоти миллӣ сурудҳо сароиданд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

Фарҳанг ва адабиёт

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо
Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Ҳокимияти давлатӣ
Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ