Дар як сатр
» » Муҳимтарин дастоварди миллат

Муҳимтарин дастоварди миллат

5-07-2018, 09:34

21 сол қабл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа,  зиёда аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданду кӯдакони зиёде ятим гаштанд. Аз тарси ҷон беш аз як миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Шаҳрҳои ободу зебо хароб ва валангор гардиданд. Иқтисодиёти мамлакат заиф гардид. Ҳатто миллатро хатари парокандагӣ таҳдид мекард. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расиду ин хатар аз байн рафт. Маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ миллати азиятдидаи тоҷик сарҷамъ ва муттаҳид гашт.
Дар арафаи ин ҷашни бузург ба чанд нафар сокини вилоят оид ба дастовардҳои миллӣ суҳбати сарироҳӣ дош-тем, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем:
Г.  МУРОДОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ:
-Маҳз истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди  ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор дод.
Имрӯз мо маҳз ба шарофати  ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани неруҳои  сиёсӣ, таъмин  кардани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз  кунем ва сарҷамъии мардуми  Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар  ин, бо  гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади  сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти  ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо  беш аз пеш дарк ва қадр бояд намоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош варзем.
ГулбибӣНурова,
омӯзгори литсейи давлатии
№1-и шаҳри Бохтар:
-Нодиртарин дастоварде, ки миллати парокандаи тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳиб гашт, ин ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Баҳри расидан ба ин рӯзҳои нек саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Зеро ӯ буд, ки мардуми азиятдидаи тоҷикро ба иттиҳод ва иттифоқ даъват намуда, мардуми парокандаи тоҷикро сарҷамъ намуд. Маҳз сулҳу субот аст, ки сокинони кишвар озодона зиндагӣ ва дар фазои тинҷиву оромӣ гаштугузор  мекунанд. Ин иттиҳоде, ки имрӯз миллати тоҷик соҳиб гаштааст, тамоми давлатҳои ҷангзада орзуяшро мекунанд. Орзу мекунам, ки Ваҳдати миллии кишвари азизамон поянда бошад!
ГулбонуОдинаева,       
омӯзгори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ:
- Мардуми шарафманди тоҷик аз рӯзи ба имзо расидани сулҳу ваҳдати миллӣ -  27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо ифтихор худро соҳиби бахту саодат ва истиқлолияти комил медонад. Вале ҳеҷ гоҳ боиси фаромӯши нахоҳад буд, ки ин муъҷизаи беҳамтои ҳаётӣ бо  кӯшиш ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Президенти кишвар ва пешаи ҳамидаи дӯстию ҳамбастагии мардуми тоҷик муяссар гардид. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
ТугмахолЗиёдуллоева,
сокини ноҳияи Хуросон:
- Сулҳу субот, тинҷию амонӣ ва осудагиву якдилӣ худ дастоварди ваҳдати миллӣ аст. Чун ваҳдати миллӣ буд, ки мо аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ ёфта, як миллати якдилу якҷон гаштем. То ба имзорасии Созишномаи сулҳ парешон будем, меҳаросидем, на танҳо аз ҷони худамон, балки аз ҷони тамоми пайвандонамон дар таҳлука будем. Ватан ноором буд, ҳар рӯз мардумони бегуноҳ кушта, ё ба асорат гирифта мешуд ё ин ки аз ҷониби  ба ном "боевикон” занону духтарони зебо рабуда мешуд, касе чизе гуфта наметавонист. Шукри имрӯзи наку, хуҷаста ва ин нафасҳои осуда мекунем. Ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз  кабутари сулҳ болкушо бошад.
ШаҳзодаХушбахтова,
донишҷӯи Донишкадаи
славянии Русияву Тоҷикистон:
-Мардуми азиятдидаи тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Зеро сулҳу субот замоне насиби миллати тоҷик гашт, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буд. Танҳо дар сурати ваҳдати сартосарӣ мушкилиҳо паси сар мешаванд, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад ва иқтисодиёти давлат бой мегардад. Яке аз дастовардҳои ваҳдати миллӣ, ин пеш аз ҳама, озодӣ мебошад, ки фазои моро фарогир аст. Ҳамчун як ҷавондухтари зодаи даврони ваҳдат шукрона аз он мекунам, ки имрӯз дар осоиштагӣ ва сулҳу субот таҳсил карда истодаам.
 Шарифхӯҷа Ёрматов,
сокини ноҳияи Восеъ:
- Маҷмӯи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ,  сохтмони иншоотҳои бузург, зебогардонии гулгашту мавзеҳои таърихӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварди Ҷумҳурии Тоҷикисон ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ки солҳои охир дар мамлакат ба вуқӯъ мепайванданд, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мебошад. Дар ҳақиқат, ҳамин тинҷиву оромӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфта аст.
МаҷидҲусейнов,
сокини ноҳияи Данғара:
-Ваҳдат  беҳтарин атои Худованд барои миллати ранҷдидаи тоҷик аст. Зеро бо шарофати ваҳдати миллӣ халқи парешонгаштаи тоҷик бо ҳам якдил, яктан ва иттифоқ гардиданд, ки ин як дастоварди бузург мебошад. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ деҳқонон ҳосил ва дастранҷи худро ҷамъоварӣ ва ба савдо гузошта наметавонистанд. Зеро дар ин давра онҳо озод набуданд. Ҳоло бо шарофати сулҳу субот мо-деҳқонон маҳсулоти кишт-намудаи худро ба фӯруш гузошта, қутти рисқи худро пайдо мекунем. 
 
Муаттара ВАЛИЕВА,
Манучеҳр ЗИЁДУЛЛОЕВ,
Умедҷони САИДМУРОД,
коромӯзони рӯзномаи «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Санади тақдирсоз

Санади тақдирсоз

Номаҳои Шумо
Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо