Дар як сатр
» » Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию созандагӣ истиқбол мегирем»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию созандагӣ истиқбол мегирем»

2-07-2018, 17:05

26 иони соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия ошно намуд.

Дар иҷлосия  масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд. 

1.Ахбороти Комиссияи  вилоятии интихобот оид ба гузаронидани  интихоботи вакили  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  ба ивази вакили хориҷшуда  дар ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ  №50 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси  вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум.

2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111 «Дар бораи Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 августи соли 2017, №160 «Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои  2017-2021» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Ҳисоботи сардори раёсати   Агентии давлатии меҳнат  ва шуғли аҳолии вилоят оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон №264  аз 19 октябри соли 2015  оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №737 аз 19 декабри соли  2014 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2014-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

5. Масъалаҳои ҷорӣ:

Нахуст ҳозирин ахбороти Қурбоналӣ Қурбонов, раиси Комиссияи  вилоятии интихобот оид ба гузаронидани  интихоботи вакили  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  ба ивази вакили хориҷшуда  дар ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ  №50-ро шуниданд. Чуноне, ки равшан гардид, 27 май интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид. Бо гирифтани беш аз 98 фисади овоз Одиназода Бозоралӣ Неъмат вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон таъйин гардид. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Одиназода Бозоралӣ Неъматро  тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр   Вализода Абдуқодир Исуф вакил аз ҳавзаи интихоботии №50 бо сабаби пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколаташ аз ҳайати  комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ хориҷ карда шуда, Одиназода Бозоралӣ Неъмат, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №50 ба ҳайати комиссияи мазкур дохил карда шуд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома  рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111 «Дар бораи Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023» дар шаҳру ноҳияҳои ваилоят, ҳозирин маърӯзаи муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умарро шуниданд.

Пас аз баррасии масъалаи мазкур  вакилон Саъбагул Валиева, Тоҷинисо Шарифова, Ҳасанзода Қаҳорбек аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён ва Ёвон ба музокира баромада, андешаҳои хешро доир ба амалӣ гардидани «Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023» иброз доштанд.

Сипас сардори Раёсати кор бо  ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллоева доир ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон  аз 25 августи соли 2017, №160 «Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои  2017-2021» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод.

 Сардори раёсти   Агентии меҳнат  ва шуғли аҳолии вилоят Наврӯззода Аслбӣ  оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон №264  аз 19 октябри соли 2015  оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №737 аз 19 декабри соли  2014 «Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2014-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот дод.

Дар Иҷлосияи 14-уми  Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ, аз қабили масъалаҳои кадрӣ ва масъалаҳо оид ба номгузорӣ мавриди баррасӣ қарор ёфт. Аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида аз ҷониби вакилон  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омодагиҳо ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ даъват намуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

31 март иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят барпо мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Ваколати вакилии 4 узви Маҷлиси вакилони Хатлон пеш аз муҳлат қатъ мешавад

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА