Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилоят


Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилоят


Тибқи маълумоти расмӣ, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят 4059 тоннаро ташкил дод.

Дар баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли гӯшт дар вилоят нархи он низ дар бозорҳо боло рафта, алъон як килограмм гӯшти гов дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Бохтару Кӯлоб 60-65 сомонӣ қимат дорад. Қобили зикр аст, ки тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ, саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят 89 ҳазору 6 сар, гӯсфанду буз 607 ҳазору 369 сар, паранда 636 ҳазору 919 сар ва асп 16 ҳазору 40 сарро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода