Дар як сатр
» » Ҳабиби ваҳдатсаро

Ҳабиби ваҳдатсаро

26-06-2018, 11:25

Ҳабибулло Фақиров ним асри ҳаёти пурбаракати худро ба касби пуршарафи омӯзгорӣ бахшидааст. Ӯ ҳамчун омӯзгори асилу сахтгир насли наврасро дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ ва худшиносии миллӣ тарбия менамуд. Донишу масъулиятшиносии ӯро ба инобат гирифта, муаллими синфҳои ибтидоӣ таъинаш карданд. Дар оғози фаъ-олияти корӣ  директори мактаб таъкидаш намуда буд: «Бо кӯдакон кор кардан мушкил аст, онҳо ҳанӯз дар афсонаи худ қарор доранд. Аз ин рӯ, бедор намудани завқи онҳоро ба донишандӯзӣ ҳунари махсусро талаб мекунад. Пеш аз ҳама  ба забони онҳо сухан гуфтану дилашонро ёфтан лозим аст. Хонанда дониш, яъне хондану навиштанро маҳз дар синфи ибтидоӣ меомӯзад».

Ҳабибуллои ҷавон ин масъулиятро эҳсос мекард. Машғулиятҳоро бо кӯдакон содаю шавқовар ва бо аёният мегузаронд. Ӯ кӯдаконро дӯст медошт ва бо онҳо кор кардан барояш чандон душвор набуд. Ҷавон ҳанӯз давраи донишҷӯӣ машқи шеър мекард ва асосан шеърҳои кӯдакона эҷод менамуд. Ин барои пешравии фаъолияти омӯзгориаш кумак мерасонд.

Ҳабиб Фақиров бо табъи баланди  шеърнависӣ ва сурудхонӣ гули сари сабади маъракаҳои хурсандии ҳамдеҳагонаш буд. Ӯ худ ҳам шеър эҷод мекард ҳам суруд месароид. Тӯйи арӯсу домодии мардуми Даҳанакиики бостониро бо хушгӯӣ, овози дилкаш, ҳунари волои ромишгариаш гарм мекард. Мақомоти болоии ҳамонвақтаи ноҳияи Хуросон қобилияти ташкилотчиги кордонии Ҳабибулло Фақирро ба инобат гирифта соли 1976 ӯро ба вазифаи масъулиятнок - раиси Ҷамоати деҳоти «Қизилқалъа»-и ноҳияи навтаъсиси ба номи Илич пешниҳод намуданд. Ӯ дар ин вазифа зиёда аз даҳ сол ба мардум хизмати софдилона намуд. Хоҷагиҳои калон, ки дар ҳудуди ҷамоат ба пахтакорию ғаллапарварӣ машғул буданд, дар давраи роҳбарии ӯ ба комёбиҳои калони меҳнатӣ ноил гаштанд. Махсусан дар он солҳо пахтакорӣ ривоҷ ёфта буд. Маҳз дар давраи раисии ӯ деҳқонони асилу кордон ба монанди шод-равон Қурбонмурод Холов, Сафар Солиев ҳосили рекордии пахтаи дарознах рӯёнида, сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардиданд.

Аввали солҳои 80-ум ба камина муяссар гашт, ки бо ҳамроҳии акаи Ҳабибулло дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе дар курси якмоҳаи хизматчиёни давлатӣ, ки шунавандагон ҳама раисони ҷамоатҳо буданд, бозомӯзӣ намоям. Ҳамон вақт мутахассиси ҷавон будам, вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Навзамин»-и ноҳияи Ҷиликӯл (ҳозира Дӯстӣ)-ро ба уҳда доштам. Бо ӯ дар як миз менишастем. Рости гап, дар ин муддати кӯтоҳ бисёр нозукиҳои кори роҳбарӣ ва одаму одамгариро аз ҳамин марди асилу хоксор омӯхтам. Дар ҳамон рӯзҳо аввалин китоби ғазалиёти устод аз нашр баромада буд ва ба ман бо соядасташ китобе тақдим намуд.

Ҳабибулло Фақиров дорандаи ду дипломи аълои омӯзгорӣ буд. Ӯ соли 1943 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар)-ро хатм намуда, соли 1959 Донишкадаи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ)-ро ба итмом расондааст. Фаъолияти эҷодии худро ҳанӯз дар давраи ҷавониаш аз солҳои 1955 оғоз намуда, шеъру ғазалҳояш дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ рӯйи чоп омадаанд. Сипас маҷмӯаи шеърҳояш, ки тараннумгари дӯстию рафоқат, меҳри ватани маҳбуб, ишқи поки ҷавонӣ буданд, бо унвонҳои «Табассум», «Гулдаста», «Меҳробод», «Ворисони арзанда» ва ғайраҳо рӯйи чоп омада, пешкаши хонандаи завқбинаш гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои бисёрсолаи омӯзгори равшанзамирро ба инобат гирифта, ӯро бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадршиносӣ намудааст. То лаҳзаҳои охирини ҳаёташ, яъне пеш аз оғози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бостонии Хуҷанд, мардуми азизи худро ба якдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват менамуд. Саркардагони бо ном муллоҳои худнаморо сахт маҳкум мекард. Устод боварии комил дошт, ки мардуми азизаш аз вартаи ҷаҳолат зуд раҳоӣ ёфта, рӯзҳои хуррамию осоиштагӣ насибашон мегардад.

Бузургфарзанди устод Ҷамолиддин иброз медорад, ки падараш ҳанӯз дар бис-тари беморӣ буд ва аз тариқи телевизион борҳо баромади вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иҷлосияҳои Шӯрои Олӣ  тамошо карда, пешгӯӣ мекарданд, ки ин  марди некдил дар ҳақиқат нотарсу далер аст. Худо хоҳад ояндаи миллати тоҷик дар дасти ин марди далеру шуҷоъ хоҳад монд ва ватан ободу зиндагии мардум хуб мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

… Сад дареғ, ки умр ба ин марди асил вафо накард. 24 сентябри соли 1992 дар 66-солагӣ аз олам чашм пӯшид ва натавонист,  лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши Иҷлосияи 16-уми таърихии дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузоргардидаро бо чашми худ бубинад. Баъд аз маргаш кору пайкори оғознамудаи ӯро фарзандону шогирдонаш давом дода истодаанд. Ворисонаш Ҷамолиддин ва Хурсандмуроди Фақир дар пайраҳаи барояшон ошно, ки онро қиблагоҳашон кушода буд, гом гузошта, ба эҷодкорӣ машғуланд. Хурсандмуроди ҷавону умедбахш соли ҷорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Шоирона» бо шеъру таронаҳояш соҳиби ҷоиза ва диплом гардид.

Боиси ифтихор аст, ки муассисаи таълимии №20-и ноҳияи Хуросон имрӯз  номи шоири шинохта Ҳабиб Фақирро дошта, нимпайкарааш дар саҳни мактаб гузошта шудааст.

 

М. Муродов,

бойгоншиноси дастгоҳи раиси

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ташаккур, барои сулҳу ваҳдат!

Ташаккур, барои сулҳу ваҳдат!

Чеҳранигорӣ
Родмарде аз ёва

Родмарде аз ёва

Чеҳранигорӣ
Бонуи равшанзамир

Бонуи равшанзамир

Чеҳранигорӣ
Симои ҷовидона

Симои ҷовидона

Чеҳранигорӣ
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН