Дар як сатр
» » Парчами иқболи мо

Парчами иқболи мо

29-06-2018, 11:59

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш дар конфронсу анҷуманҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ,  ба оламиён, бахусус ба онҳое, ки дар минтақаҳои ҷангдида зиндагӣ мекунанд, пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар чизудтар бо роҳи музокирот ба сулҳу субот муваффақ шаванд. Зеро ноамнӣ ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагиро фалаҷ сохта, хатари фаношавии ватану миллатҳои дар ҷангу низоъ қарордоштаро таҳдид менамояд.

Рӯзҳои сангину даҳшатбори солҳои навадуми асри бист, ки ба сари ватану халқи Тоҷикистон омада буд, ҳеҷ гоҳ аз авроқи таъриху хотираҳо зудуда намегардад. Халқе, ки номеҳрубониҳои оламро бо чашми сар дидаву аз вартаи фалокат раҳидааст, ба пеши дидаи инсонҳо суҳуфи таърихи хешро боз менамояд, то ин ки макру найранги кинаварзон аз назари одамон дур намонад.

Замоне, ки инсон гузаштаашро хуб меомӯзаду аз он сабақ мегирад, барои беҳдошти зиндагии ояндааш шароити созгор фароҳам оварда метавонад.  Маҳз ҳамин омӯзишу сабақ гирифтан, худогоҳиву ҷасорат, сиёсатшиносиву таърихдонии Пешвои миллат буд, ки халқи Тоҷикистон зери ливояш ба сулҳу суботи комил, бо баҳои нанги ватандорӣ даст ёфт.

Ӯ соҳибватани асил буду ҳаст, ҳамчун табиб ба захмҳои ҷисми ватану халқи азизаш, ки аз зарби шамшери кину ҳасад ҷароҳат бардошта буд, малҳам монд.  Хӯрду хобро фаромуш кард. Таҳдиду фишор думболагираш буд. Аз чизе, аз касе тарсу ҳарос надошт. Баҳри суботи комил танашро сипар кард. Касе кафолати ҷисму ҷонашро ба уҳда намегирифт. Вале ӯ бо дуои пирони рӯзгордида, дуои волидайн, нангу номуси ватандорӣ ба сӯи қуллаи мурод, ба сӯи  сулҳу ваҳдати комил пеш мерафт. Нияти пок, меҳри ватан, умеду ормони ниёгон, хираду ҷасорат, сабақи таърих раҳнамояш буд, ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар фурӯ нишонд, асоси кохи сулҳу ваҳдати миллиро гузошт. Ӯ қуллаи муроди ватану халқро бо тарзу усули нав, яъне бо роҳи музокира кашф намуд, ки назири ин кашфиёти тоза ҷомеашиносон, олимони ҷаҳони сиёсиро дар ҳайрат гузошт. Акнун дарҳои дабистони сулҳофарини Пешвои миллат солҳост, ки  ба рӯи таърихшиносон, коршиносон, таҷрибаомӯзон ва ниёзмандон боз аст.

Раҷабалӣ Давлатзода  



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Танзим баракати зиндагист

Танзим баракати зиндагист

Номаҳои Шумо

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ