Дар як сатр

Сабоҳи кӯшониён

28-06-2018, 11:53

Ёдномае аз рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Хатлон

Субҳ дар ҳама ҷойи Тоҷикистон якранг аст. Агар дар Ванҷ субҳ аз кӯҳсор фуруд ояд, дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти овозадори Хатлон, аз домани теппаҳои сабзпӯши хушназар ҳамчун пири намозии сафедпӯш  оҳиста-оҳиста бо як мароми ба худ хос поён меояд. Заминаш аз насими атрогин машомро муаттар месозад. Боғу роғи доманфарох ва заминҳои гуландомаш  аз ояндаи нек ва зиндагии хушу гуворои мардуми Кӯшонзамин башорат медиҳад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон барои рушди тамоми соҳаҳо шароити мусоид фароҳам овард. Сокинони ноҳияи Кӯшониён низ тавонистаанд, ки дар ин солҳо диёри худро ба гулистони ҳақиқӣ табдил диҳанд. Манзараҳои дилфиреб, мардуми ширинсухану ҳозирҷавобаш дар суҳбат ноаён занги дилро бо сухани зебову шево ва  ҳазлҳои намакин зудуда, бо самимияти хеш аз дӯстиву бародарӣ паём медиҳанд.

Дар рӯзи дуюми сафар гурӯҳе аз адибон, журналистон ва ҷавононро марди чеҳракушоду ширинсухане истиқбол намуд. Аз чеҳраи фароху сухани ширинаш маълум буд, ки ин мард шахси суҳбатороест.

-Ман раиси Ҷамоати  деҳоти «Меҳнатобод» Раҷабалӣ Ҳурматов, шумо меҳмонони ман мешавед, -бо табассум худро шинос намуд Раҷабалӣ. Дар меҳмонсарои худ базми шоҳонае орост, ки аз он тамоми меҳмонон лаззат бурданд.

Сарояндаи хушовоз Шарифака, ки дар вилояти Хатлон бо лаҳни ширину гуворояш шуҳрат дорад, бо сурудҳои дилнишину овози ҷаззобаш шаби моро мунаввар намуд. Дар суҳбат Шариф аз Ванҷ ёдовар шуд, ки ҳамроҳи Назриддини ғӯмастӣ дар деҳаи Ғӯмаст дар тӯе иштирок кардааст. Дар суҳбат мо аз шодравон Одина Ҳошим ёдовар шудем, ки ӯ бо мардуми Ванҷ дилбастагии сахт дошт. Аз ҳамон рӯзе, ки ӯ ба Ванҷ ворид мешуд, ҳамарӯза тӯй буд.

-Шабу рӯз дар хизмати мардум буд, на минбар талаб дошту на баландгӯяку на толори боҳашамат. Ба фикрам, мисли ӯ дигар сарояндае наояд,- гуфтам ман.

-Ҳамин Шариф ният дораду лекин, рубобаш доим ноҷӯр аст,- шӯхиомез ҷавоб дод Раҷабалӣ.

Пас аз созу наво акаи Раҷабалӣ каме аз он солҳои шум, ки  ба сари тоҷикон омада буд ёдовар шуд:

        - Ана он тарафи роҳ як гурӯҳ буду ин тарафи роҳ гурӯҳи дигар. Тухми кинаву адоват дар замини дилҳо ҷой дошт. Касе ба касе раҳму шафқат надошт. Худоро шукр, ки Роҳбари хирадманду солорро насиби мо гардонд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кабӯтари сулҳу ваҳдатро дар осмони Тоҷикистон парафшон намуд. Мардум меҳнат мекунад. Зиндагӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Чӯлистонҳо бӯстон мегарданд.

Ҳамин Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» 2147 гектар замин ва 140 га боғ дорад. Дар ҷамоат 36 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад. Аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мардум дар ин ҷо зиндагии осуда доранд. Ҳама баробар зиндагӣ мекунанд, заҳмат мекашанд ва хонадони худро обод мекунанд. Замин модари мост, моро мехӯронаду мепӯшонад. Меҳнат кунем, ба ҳама чиз мерасем. Инсон дар ҳар куҷое, дар ҳар вазифае бошад, бояд  меҳнаткаш бошад. Роҳбаре, ки дасташ обиларо надида бошад, роҳбар шуда наметавонад.

 Президенти маҳбубамонро бинед, ҳама корро медонад. Ниҳоли аввали боғро, хишти нахусти иншоотро худаш мегузорад. Сарбанди Роғуни бузургро сари чамбараки трактор нишаста, дар тӯли яку-ним соат баст. Ин бузургиву шаҳомати роҳбар аст, ки на ҳама роҳбарони давлатҳо ин хислатро доранд.

Ман худам дар оилаи деҳқони меҳнаткаш зода шудаам. Падарам устои оҳангар буд. Субҳ то шом кор мекард. Бо обилаи кафи дастонаш моро калон карда хононд. Доимо насиҳат мекард, ки қудрати одам дар дӯстиву бародарист.

Акаи Раҷабалӣ каме таваққуф кард ва боз  суҳбаташро идома дод. Дар сухани ин марди кордида таҷрибаи бузурги зиндагӣ падид мешуд. Роҳбари кордону некдилест, ки аз ҳама чиз огоҳ аст. Чӣ хуш аст суҳбати чунин мардони ширинсухан, ки агар ба пардаҳои дили эшон даст барӣ, аз он ҷо танҳо латофату самимият, одаму одамгарӣ ва латофати сухан падид меояд.

Ҳанӯз дар гӯши дилам сухани шаҳдрези бародарони Хатлон  дар алфози акаи Раҷабалӣ садо медиҳад ва аз диёри Ванҷ паёми муҳаббат танинандоз мегардад:

Номаи нанвиштаи армони ман,

Пири нуронии ман, Хатлони ман.

Ҷомаи сабзат ҳамеша сабз бод,

Сарзамини дӯстон, Кӯшони ман.

Пайшамбӣ Шоҳзода,

ноҳияи Ванҷ, узви Иттиҳоди

журналистони Тоҷикистон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ