Дар як сатр
» » Деҳқон соҳиби замин шуд

Деҳқон соҳиби замин шуд

27-06-2018, 09:46

Дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон шаҳрвандон ба касбу кори дилхоҳи худ машғул буда, тавассути сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагии озодаву рӯзгори хуш доранд. Махсусан марди деҳқон соҳиби замин асту аз он самаранок истифода мебарад ва ризқу рӯзӣ меёбад. Аз ин рӯ, мардуми шуҳратёри кишвар  дастоварди миллат-ваҳдатро гиромӣ дошта, аз хизмати арзанда ва ғамхориҳои Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор мебошанд.

Дар саҳро ду трактор ба нармкунии бехи ниҳолҳои пахта машғул буданд. Файз  бо як маром ҳаракат намудани трактор завқ бурда, дилгарми кор буд. Ӯ як-як ба қафо нигариста, ба сифати кораш назора менамуд. Дар қитъаи дигар гурӯҳи духтарон машғули ягонакунии ниҳолҳо буданд. Онҳо бо либосҳои рангорангашон аз дур ба мисли як даста гули зебо ба назар мерасиданд. Кас аз тамошои ин манзараи назаррабо ва ҷӯш задани кор дар саҳро ҳаловат мебурд.

Аммо ин саҳнаи зеборо дигаргун гаштани вазъи трактор ва аз ҳаракат бозмондани он халалдор кард. Файзалӣ зуд аз кабина берун шуда, қисмҳои муқаррариро аз назар гузаронд. Маълум гашт, ки тасмаи муҳаррик канда шудааст. Ӯ аз сандуқи қисмҳои эҳтиётӣ тасмаи навро гирифта ба  таъмир намудани он машғул шуд. Бозор, ки дар қитъаи дуюм машғули кор буд,  ба назди бародараш омад.  

Ба «аспат»  чӣ шуд, ки якбора аз ҳаракат монд? - бо ҳазл пурсид Бозор.

- Лаҷомаш канда шудааст,-ҷавоб дод Файзалӣ.

- Ба хайр будааст, ҳозир ба ҷояш мегузорем, - гӯён Бозор  дасту остин бар зада,  ба бародар ёрӣ расонд.

Онҳо дар як муддати кӯтоҳ тасмаро ба ҷояш гузошта, суръати корро боз дар саҳро тезониданд. Ҳамин тавр, бародарон Бозор ва Файзалӣ Алихоновҳо даст ба дасти якдигар дода, кӯшиш мекунанд, ки дар саҳро суръати корро паст назананд. Онҳо аз ҳар  лаҳзаи вақти корӣ истифода мекунанд.

Дар хоҷагии «Ботуробод-1»-и шаҳри Левакант бародарон бо хислатҳои ҳамкорию меҳнатдӯстиашон ном бароварда, сазовори обрӯю эҳтироми баланд дар байни мардум гаштаанд. Бародарон солҳои тӯлонист, ки дар ин хоҷагӣ ба касби механизаторӣ  машғуланд. Роҳбарони хоҷагӣ ва сардорони бригадаҳои пахтакорӣ аз сифати баланди кори бародарон розианд. Самари чунин меҳнати ҳалоли механизаторон аст, ки хоҷагӣ ҳар сол нақшаю супоришҳои дар наздашон гузошташударо пурраю барзиёд иҷро мекунанд. Махсусан сардори бригадаҳои пахтакории Музаффар Раҷабов  Маҳмадулло Икромов ва  Саидбек Қурбонов ҳосилнокиро то ба 30-35- сентнерӣ расонидаанд. Онҳо нисбати кори хуби механизаторон ҳамеша суханони нек  мегӯянд.

Бародарон Бозор ва Файзалӣ касби пешакардаашонро дӯст медоранд. Онҳо ин касбро аз падар-механизатори пешқадами ҳамин хоҷагӣ Раҷаб Алихонов омӯхтаанд. Ҳар гоҳе, ки падар ба таъмири трактор машғул мегашт, Бозор ва Файзалӣ ба кори ӯ ёрӣ расонида, дар паси чамбараки трактор менишастанд. Падар аз меҳнати босамари онҳо  завқ мебурд. Аз ин завқи падар фарзандонаш низ хурсанд мегаштанд. Ҳамин завқу шавқи падар ба қалби фарзандон ҷо шуд ва онҳо роҳи пешакардаи падарро дар зиндагӣ  интихоб карданд. «Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз»- гуфтаанд. Бародарон баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшонро ба коллеҷи техникӣ-касбии рақами 19-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ супориданд. Онҳо тамоми нозукиҳои касби механизаториро дар он ҷо омӯхта, ба фаъолияти мустақилона оғоз намуданд.

Бале бародарон дар интихоби касб хато накарданд. Имрӯз дар хоҷагӣ ҳама онҳоро ҳамчун механизаторони пешқадам  мешиносанд. Онҳо аз шудгор то нарм намудани бехи ниҳолҳо ва корҳои ба техника вабастабударо иҷро менамоянд.

-Ман ҳамон вақт аз кори ба анҷом расонидаам қаноатманд мешавам агар онро бо сифати баланд  ба сомон расонида бошам,- мегӯяд Файзалӣ Алихонов.

Деҳқонони хоҷагии  «Боту-робод-1»-и Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант мақсад доранд, ки соли ҷорӣ ҳосилнокии пахтаро аз ҳар як гектар ба 35-40-сентнерӣ расонанд. Дар иҷрои ин амалу нақшаҳои нек саҳми бародарони механизатор дида мешавад.

 

Намоз Солиев


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ