Дар як сатр
» » Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

25-06-2018, 11:38

Дар айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст. Имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони ояндасози мо, аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

 

АрафамоДаминова,

саромӯзгор, мудири шуъбаи магистратураи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,

 

Қ. Даминова,

ассистенти кафедраи

 илмҳои компютерӣ:

- Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ1 ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра рушд меёбад. Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадид  мо бояд, пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири сулҳу суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.

Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлатии миллӣ эътироф намудаанд.

Ҳоло  Тоҷикистон ба муваф-фақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фархангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Оид ба  моҳият ва аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

 

Фахриддин ҒАФУРОВ,

сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрииноҳияи

Абдураҳмони Ҷомӣ:

- Бо шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят, барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Имрӯзҳо на танҳо халқу кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Myҳимтар аз ҳама, тавассути ин тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ муаррифӣ гардид, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

 

Сафаралӣ БОБОЕВ,

омӯзгори мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии №33- и

ноҳияи Ёвон:

- Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Ба миён омадани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи Ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони мо шароит фароҳам овард. Бо шарофати сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омаданд, яъне сулҳ ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем. Муҳимтар аз ҳама, раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.

Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем. Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои глобализатсионӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Номаҳои Шумо
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ифтихори миллати тоҷик

Ифтихори миллати тоҷик

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо